Раҳматилло Зоиров. Акс аз бойгонӣ

Зоиров: сотсиал-демократҳо аз ширкат дар райъпурсӣ худдорӣ мекунанд

24
(Таҷдидшуда 11:58 18.02.2016)
Раиси ҲСДТ мегӯяд, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Сарқонун зарфиятҳои демократиро дар Тоҷикистон боз ҳам бештар коҳиш хоҳанд дод.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров зимни ироаи як иттилоъияи катбӣ эълон доштааст, ки аз ширкати аъзои ҳизб дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ худдорӣ хоҳанд кард.

Дар изҳороти роҳбари сотсиал- демократҳои Тоҷикистон омадааст, ки онҳо аз ҳар гуна ширкат дар раванди омодагӣ ба баргузории ҳамапурсӣ худдорӣ хоҳанд кард.

Раиси ҲСДТ таъкид мекунад, ки Сарқонуни кишвар соли 1994 дар замони ҷанги шаҳрвандӣ қабул шуд. Ду тағйироте, ки ба он дар солҳои 1999 ва 2003 ворид карданд, зарфиятҳои демократиро бештар коҳиш доданд.

Ба қавли ӯ, шеваи баргузории референдум хилофи усулҳои демократӣ аст. Зоиров мӯътақид аст, ки тағйиру иловаҳо ба Сарқонунро, ки аз 41 банд иборат аст, дар баргаҳои раъйдиҳӣ бо як савол ба интихобкунанда муроҷиат мекунанд, ки "Оё шумо тағйиру иловаҳои ворида ба Сарқонунро мепазиред?" ва ин хилофи арзишҳои демократӣ аст.

Ҳамин тавр раҳбари сотсиал-демократҳои кишвар аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти маҳалли Тоҷикистон тақозо кардааст, ки комиссиҳои омодагиро бе даъват ва ширкати аъзоёни  ҲСДТ таъсис диҳанд.

Ёдрас менамоем, дар Тоҷикистон 22-юми май рӯзи баргузории райъпурсӣ эълом шуда, барои севвумин бор ба Сарқонуни ҶТ тағйиру иловаҳо ворид мекунанд.

24
Барчаспҳо:
худдории сотсиал-демократҳо, тағйиру иловаҳо ба Сарқонун, 22 май, референдум, райъпурсӣ, КМИРТ, ҲСДТ, Раҳматилло Зойиров, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
МН: барои раъйпурсӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ фаъол мешавад