Президенти Русия Владимир Путин (аз чап) ва шоҳи Арабистони Саудӣ  Салмон ибни Абдулзоир Оли Сауд. Акс аз бойгонӣ

Владимир Путин ва шоҳи Арабистони Саудӣ вазъи Сурияро баррасӣ карданд

34
(Таҷдидшуда 15:50 19.02.2016)
Аснои нишаст ҷонибҳо ба рафъи буҳрони вазъият дар Сурияву минтақа таваҷҷуҳ карда, хостори тақвияти ҳамкориҳои Риёз ва Маскав шуданд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз  Оли Сауд гуфтугӯи  телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат тарафҳо ба содда гардонидани вазъ дар Сурияву Ховари Миёна таваҷҷуҳ карда, шавқмандиашонро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баён доштанд.

"Доир ба тақвияти ҳамкориҳо дар ҳама бахшҳои ба ҳар ду ҷониб манфиатовар ибрози назар гардида, рафъи буҳрони Сурия, соддагардонии амният дар Ховари Миёнаву кишварҳои Африқои Шимолӣ аз масоили меҳварии ин гуфтушуниди телефонӣ буд",- иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Кремл.

Ба ғайр аз ин, президенти Русия даъвати шоҳи Арабистони Саудӣ барои боздид аз Русияро дар вақти ба он ҷониб мувофиқ айни муддао донист.

34
Барчаспҳо:
ҷанг дар Сурия, вазъи Сурия, шоҳи Арабистони Саудӣ, президенти Русия, Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Владимир Путин, Ар-Риёз, Маскав, Русия