Маҷмаи табъу нашри Шарқи Озод. Акс аз бойгонӣ

Исмоилзода сардори Раёсат дар дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд

223
(Таҷдидшуда 13:56 30.03.2016)
Бо фармонҳои марбутаи президент дар бархе аз идораву муассисаҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, роҳбарони корхонаҳо таъину иваз гардиданд.

ДУШАНБЕ,  30 мар — Sputnik. Бо амрҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон,  Ёқуб Исмоилзода аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод" озод ва сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии дастгоҳи иҷроияи президент таъин гардид, менависад дафтари матбуотии сарвари давлат.

Бо як амри дигари президент Қурбоналӣ Файзуллозода раҳбари КВД  "Шарқи озод" таъин шудааст.

Зимнан, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон Саидалӣ Сиддиқро раҳбари Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" таъин кардааст. Ӯ дар ин курсӣ  Заробиддин Қосимӣ (Сироҷов)-ро иваз намуд, ки рӯзи гузашта сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин гардид.

Саидалӣ  Сиддиқ то имрӯз дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон буд.

Бо фармонҳои дигари раисҷумҳур, ки имрӯз, 30 март ба нашр расидаанд, Маҳмадтоир Зокирзода аз вазифаи вазири кишоварзӣ озод ва муовини нахуствазир таъин шуд.    Иззатулло Сатторӣ, раҳбари собиқи  Академияи илмҳои кишоварзӣ бошад, ба ҷои Зокирзода таъин шуд.

Ҳамакнун, Шариф Шарифзода, раиси пешини шаҳри Роғун ба ҳайси раиси шаҳри Хуҷанд фаъолиятро оғоз намуда, Раҷабалӣ Аҳмадзода ба ҷойи Акбар Ятимзода раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин гардид.

223
Барчаспҳо:
курсӣ, мансаб, сабукдӯш, тағйироти кадрӣ, таъин, фармон, амри президент, КВД "Шарқи Озод", президенти Тоҷикистон, АМИТ Ховар, вазорати кишоварзӣ, Маҳмадтоир Зокирзода, Изатулло Сатторӣ, Ёқуб Исмоилзода, Саидалӣ Сиддиқ, Заробиддин Сироҷов, Заробиддин Қосимӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Роғун, Хуҷанд, Тоҷикистон
Мавзуъ
Муовини пешини нахуствазири роҳбари "Агроинвестбонк" таъин шуд