Роҳбарони вазороти умури хориҷии ҳафтгонаи бузург дар Хиросима

Роҳбарони ВУХ "G7" хостори истеъфои Башор Асад

27
(Таҷдидшуда 11:02 12.04.2016)
Баъди ҷаласаи муштарак ва мулоқотҳо дар Хиросима вазирони умури хориҷаи ин кишварҳо ба хулосае расиданд, ки Сурия ба ҳукумати ҷадид “эҳтиёҷ” дорад. Русия бошад, борҳо изҳор дошт, ки мӯътадилсозии авзоъ дар он кишвар бидуни президент Башор Асад ғайриимкон аст.

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Вазирони умури хориҷии кишварҳои "ҳафтгонаи бузург" мавқеъи худро дар бораи истеъфои Башор Асад бо мақсади ором намудани вазъият дар Сурия иброз доштанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба изҳороти нашршудаи сарони ин ниҳод.

"Сурия ба ҳукумати наве, ки намояндагони ҳамаи қишрҳо ва манотиқи кишварро дар бар гирифта бошад ва зарфияти дифоъ аз марзу буми ватанро дошта бошад, ниёз дорад",- қайд мешавад дар иттилоъия.

Онҳо аз кулли ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки ба қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳти рақами 2254 ва 2268 арҷгузор бошанд ва барои расонидани кӯмак ба Димишқ саҳм бигиранд. Вазирон ҳамчунин иброз доштанд, ки "барои содда гардонидани авзоъ дар Сурия нақшаҳои дарозмуддат доранд".

"Ҳафтгонаи бузург" (G7) ҳамчунин аз истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурия изҳори нигаронӣ кардааст.

"Мо аз онҳое, ки силоҳи кимиёвӣ истифода кардаанд, пуштибонӣ намекунем. Ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо хеле муҳим аст",- омадааст дар изҳороти муштараки вазирони умури хориҷии G7.

 

27
Барчаспҳо:
истеъфо, пуштибонӣ, ҷонибдорӣ, "Ҳафтгонаи бузург" (G7), Башор Асад, Сурия, Ҷопон, Хиросима
Мавзуъ
ВКХ: Омилони ҳамла ба сафорати Русия дар Димишқ хоҷагони хориҷӣ доранд