Бишкек. Акс аз бойгонӣ

Чинибой Турсунбоев раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд

32
(Таҷдидшуда 18:29 27.04.2016)
Танҳо баъди интихоботи дуюм исми раиси парлумон маълум гардид. Ҳафтаи қаблӣ бо сабаби гирифтани овозҳои якхелаи номзадҳо парлумон натавонист раиси Жогорку Кенешро интихоб кунад.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Парлумони Қирғизистон рӯзи чоршанбе бо аксарияти овозҳо роҳбари ҷиноҳи ҳизби президентӣ ҲСДҚ Чинибой Турсунбоевро раиси парлумони кишвар интихоб намуд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Натиҷаҳои интихобот нишон доданд, ки ба тарафдории Турсунбоев 88 вакил овоз додааст.

Турсунбоев 55 сол дошта, ду маротиба вакили парлумон интихоб гардидааст. Ӯ номзади илмҳои филологӣ буда, ба ҳайси рӯзноманигор низ фаъолият кардааст, ҳамчунин хабарнигори "Радиои Озодӣ" дар Туркия будааст.

Раиси ҷадиди парлумони Қирғизистон бо фаъолияти эҷодии худ маъруф аст. Ӯ муаллифи чандин маҷмӯъа буда, даҳҳо асарҳои нависандагони туркро ба забони қирғизӣ тарҷума кардааст. Вале солҳои охир ба тиҷорат машғул шуда, яке аз ширкатҳои бузурги ордбарориро бунёд намудааст.

Дар ҳоли ҳозир 6 ҳизби сиёсӣ намояндагони худро вориди парлумони Қирғизистон кардаанд. ҲСДҚ, "Қирғизистон", "Ата-Мекен" ва "Онугуу-Прогресс"-дар парлумон эътилоф таъсис додаанд. Ба ду ҳизби дигар, "Республика-Ата-Журк" ва "Бир-Бол" эътилофи ақаллияти мухолифин дохил ҳастанд. Ҳизби Сотсиал-Демократии Қирғизистон (ҲСДҚ)  дорои бештарини курсиҳо (38) буда, дар ҷои дуюм ҳизби мухолифини  "Республика-Ата-Журк" ва "Бир-Бол" қарор доранд. Дигар курсиҳои вакилон миёни чор ҳизби дигар (мутаносибан аз 18 то 11) тақсим шудаанд.

Сараввал парлумон нақша дошт, ки танҳо номзадии як нафар аз ҲСДҚ Чинибой Турсунбоев пешбарӣ карда шавад, вале баъдтар ҷиноҳи "Онугуу-Прогресс" ногаҳонӣ номзадии сиёсатмадори ботаҷриба Исҳоқ Масалиевро низ пешбарӣ намуд. Дар парлумон иброз доштанд, ки ин роҳ принсипи чандандешӣ ва барномаҳои рақобатпазирро дар парлумон нигоҳ медоранд.

Қаблан раиси Жогорку Кенеш (парлумони якпалатаи бисёрҳизбӣ иборат аз 120 аъзо)-и Қирғизистон Асилбек Жээнбеков баъди он, ки бародараш Сооронбой Жээнбековро ба вазифаи сарвазири Қирғизистон пешбарӣ карданд, бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт.

 

32
Барчаспҳо:
ҳизб, раиси парлумон, парлумон, вакил, ҲСДҚ, Чинибой Турсунбоев, Қирғизистон
Мавзуъ
Нахуствазири Қирғизистон ба истеъфо рафт
Брифинг, посвященый председательству Республики Таджикистан в Шанхайской организации сотрудничества в 2020-2021 гг.

Санаи ҳамоиши президентҳои давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе маълум шуд

520
(Таҷдидшуда 21:01 15.01.2021)
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе нимаи моҳи сентябри соли равон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, хабар дод Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Раёсат дар СҲШ-ро соли равон Тоҷикистон ба уҳда дорад. Имсол инчунин ҳамоиши ҷашнӣ - 20-умин солгарди таъсисёбии созмон мебошад.

Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ дар соли ҷорӣ 26-29 январ дар шаҳри Душанбе дар нақша аст.

“Дар Вазорати корҳои хориҷӣ барои баргузории саммити СҲШ, ки 16-17 сентябр дар назар аст, ситоди махсус ташкил шуда, нахустин ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллӣ 26-29-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад”, - изҳор дошт Аҳмадзода зимни мулоқот бо хабарнигорон.

Ӯ афзуд, ки сомонаи махсус ташкил дода мешавад, ки иттилоъ дар бораи чорабиниҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай дар соли равонро фаро хоҳад гирифт.

Баробари мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва вазирони умури хориҷии давлатҳои созмон, инчунин мулоқотҳои роҳбарони идораҳои соҳавӣ – аз мудофиа то иқтисоду тиҷорат ба нақша гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи намояндаи ВУХ Тоҷикистон, имсол барои бори аввал дар Душанбе Анҷумани иқтисодии СҲШ ба нақша гирифта шуда, инчунин ташкили мулоқоти намояндагони бахши сайёҳию расонаҳо дар назар аст.

СҲШ созмони байналмилалие мебошад, ки Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.

520
Барчаспҳо:
мулоқот, Созмони ҳамкории Шанхай, Тоҷикистон
«Объявили настоящую травлю»: Алла Березовская о задержаниях русскоязычных журналистов в Латвии - YouTube

Березовская аз боздошту бозҷӯии рӯзноманигорони русзабон дар Латвия гуфт

36
(Таҷдидшуда 17:07 15.01.2021)
Алла Березовская, рӯзноманигори муқими Латвия дар бораи бозҷӯияш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар нақл кард

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Алла Березовская аз ҷумлаи рӯзноманигороне мебошад, ки мақомоти Латвия онҳоро ба далели ҳамкорӣ бо расонаҳои Русия мавриди бозҷӯӣ қарор доданд. Мақомоти ин кишвар муътақиданд, ки чунин ҳамкорӣ хилофи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо мебошад.

“Маро дар вайрон кардани таҳримот айбдор мекунанд, аммо ман қатъиян розӣ нестам. Касе ин расонаҳоро ҷиноӣ эътироф накардааст. Мо дар кишвари озод иқомат дорем ва ҳуқуқ дорем дар расонае нашр кунем, ки лозим мешуморем”, - изҳор дошт Алла Березовская.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, бозҷӯӣ дар хонааш сурат гирифта, ҳамаи техникаи компютерӣ, аз ҷумла планшети набераашро гирифтаанд.

Ӯ афзуд, ки алайҳи рӯзноманигорони расонаҳои расмии Русия мақомоти Латвия таҳқиботи густурдае роҳандозӣ кардаанд.

“Мехоҳанд ба тамоми ҷаҳон гӯянд, нафароне, ки бо расонаҳои давлатии Русия ҳамкорӣ мекунад, рӯзноманигор нест, пропагандист – тарғибгар мебошанд. Ин ба он маъност, ки ба чунин пропагандистҳо на демократия, на озодии баён ва на ҳуқуқи инсон дахл надоранд”, - тавзеҳ дод ӯ.

Фишор ба Sputnik ва Baltnews

Sputnik қаблан хабар дода буд, ки рӯзноманигорони русзабон, аз ҷумла онҳое, ки бо Baltnews ва Sputnik Латвия ҳамкорӣ мекунанд, дар нақзи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо муттаҳам мешаванд ва онҳо мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтанд. Манбаъ афзуд, иттиҳомот бар асоси моддаи 84-и қонуни ҷиноии Латвия – нақзи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо эълон шудаанд, ки ҷазо дар намуди ҷарима ва ё маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Sputnik Латвия ва Baltnews марбути Ожони байналмилалии хабарии "Россия сегодня" мебошанд. Аммо рӯзноманигороне, ки барои ин расонаҳо матлаб таҳия мекунанд, кормандашон набуда, муаллифони ғайриштатӣ мебошанд.

Вазорати умури хориҷии Русия амали мақомоти Латвияро маҳкум карда, онҳоро хилофи демократияю озодии баён хонд. Ин ниҳод таъкид кард, ки таҳримоти Иттиҳоди Аврупо хусусияти инфиродӣ дошта, шахсан ба мудири кулли "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв дахл доранд ва наметавонанд ҳамаи кормандони ин идораро фаро гиранд.

Сармуҳаррири хабаргузории байналмилалии  "Россия сегодня" ва RT,  Маргарита Симонян изҳори умед кард, ки Русия ба ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи рӯзноманигорони русзабон вокуниш хоҳад дод.

36
Барчаспҳо:
рӯзноманигор, Латвия, русзабон
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон