Табиати зебои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Муаррифии бештари Тоҷикистон дар Арабистон. Тариқи Интернет

107
(Таҷдидшуда 19:08 04.05.2016)
Ба ин васила масъулини Сафорати ҶТ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмим доранд дастовардҳои кишварро ба ҷаҳониён, хусусан ба сокинони арабзабони минтақа пешниҳод намуда, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба табиати биҳиштосои ҷумҳурӣ ҷалб кунанд.

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сомонаи расмиашро дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол сохт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКХ ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ, нишонии торнамо таҳти суроғаи www.tajemb-ksa.org қобили дарёфт буда, аз бахшҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ маводи иттилоотию таҳлилӣ ва тарғиботӣ доир ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мухталифи ду кишвар, табиати   Тоҷикистон, сарватҳои табиӣ, фазои сармоягузорию сайёҳии кишвар ва таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон паҳн хоҳад кард.

Ҳамзамон, аксу наворҳои ҷолиб аз Тоҷикистон, маълумот дар бораи расму русум, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишвар дар ин сомона ҷо дода шуда, барои шиносоии бештар ба сокинони Арабситони Саудӣ ва кулли кишварҳои арабзабони минтақаву дунё пешниҳод мегардад.

Роҳбарият ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ умедворанд, ки бо фаъол намудани сомонаи худ дар шабакаи ҷаҳонии интернет метавонанд дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо ин ва дигар кишварҳои ҷаҳони араб саҳми бештар дошта бошанд.

Ҳамчунин истифодабарандагон метавонанд доир ба таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, фаъолияти сафорати ҶТ дар ин кишвар, масъулини корпуси дипломатӣ ва масоили марбути консулгарӣ ва сафорат иттилоъи зарурӣ пайдо намоянд.  

 

107
Барчаспҳо:
табиат, расму русум, ёдгориҳо, маводи иттилоотӣ, сомонаи интернетӣ, www.tajemb-ksa.org, Сафорати ҶТ дар Арабистони Саудӣ, Арабистони Саудӣ