Тағйироти кадрӣ дар бархе аз сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон

© SputnikБинои ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи ду моҳи ахир курсии муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон холӣ буд ва ҳамакнун бо қарори ҳукумат ба ин симмат Абдулмаҷид Муминзод таъин гардид.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ Басбӣ Холова аз вазифаи муовинони раиси Додгоҳи олӣ ва Абдуҷаббор Сатторзода аз вазифаи раиси Коллегияи ҳарбӣ бозхонд шуданд.

Сабаби бозхонди бону Холова бознишаста шудан ва аз Сатторзода ба вазифаи дигар гузаштан шарҳ дода мешавад.

Ҳамзамон, дар иҷлосия инчунин бо пешниҳоди раисҷумҳур ду судяи Додгоҳи олӣ — Саломат Ҳакимзода ва Бахтулло Раҳматуллозода ва судяи Суди олии иқтисодӣ — Файзалӣ Комилӣ бо сабаби ба поён расидани муҳлати ваколаташон бозхонд шудаанд.

Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва вазороти қудратии Тоҷикистон

Гуфта мешавад, дар асоси пешниҳоди президенти кишвар Абдуҷаббор Сатторзода муовини раиси Суди олӣ, Сайдалӣ Раҳмонзода муовини раиси Суди олӣ, ҳамзамон раиси Коллегияи ҳарбӣ, Бахтулло Раҳматуллозода ва Саломат Ҳакимзода судяҳои Суди олӣ ва Файзалӣ Комилӣ судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Рӯзи гузашта бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Назиров Сафаралӣ Ҷорубович аз вазифаи Сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.

Аз ин ба баъд бо қарори дигари ҳукумати кишвар Абдусаттор Шоҳиён роҳбарии Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма хоҳад дошт.  

Лентаи хабарҳо
0