ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бо раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғани дар Тошканд вохӯрд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сарвари ҶТ.
Вохӯрӣ дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор гардид.
Бино ба иттилои манбаъ зимни сӯҳбат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон иброз дошт, "мо ҷонибдори тақвияти бештари низоми навини сиёсӣ ва таъмини суботу амният дар бародаркишвар-Афғонистон ҳастем, ва онро гарави амнияту бехатарии Тоҷикистон ва тамоми минтақа медонем".
Ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои дӯстонаву судманди бисёрҷониба ки марҳила ба марҳила рушд меёбад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Сарони ду кишвар қайд намуданд, ки ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи иқтисоду савдо, фарҳангу техника барои ба ҳадафи умумӣ расидан нақши муҳим хоҳад бозид.
Тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки хусусияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ касб кардаанд, зарур дониста шуд.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад. Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Уфаи Русия ба Узбакистон интиқол ёфт. Вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар Тошканд дар назар аст.
ДУШАНБЕ, 18 январ - Sputnik. Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст.
Иқдоми Трамп дар напазируфтани шикаст дар интихобот, ки ҳаводиси хушунатбори Конгрессро ба бор овард, мизони ризоят аз амалкарди ӯро ба 29 дарсад коҳиш додааст.
Ба гузориши хабаргузории "Парс тудей" ба нақл аз "Дейли мил", натиҷаҳои назарсанҷии "Пив", ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, нишон дод мизони ризоят аз Доналд Трамп ба 29 дарсад кам шуд, ки поинтарин мизон дар давраи раёсати ҷумҳурии ӯ ба шумор меравад.
Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст.
Ин мизони ризоят 9 дарсад камтар аз августи 2020 баровард шудааст.
Бинобар ин назарсанҷӣ ҳатто дар байни ҷумҳурихоҳон низ маҳбубияти Трамп коҳиш дошта аст ва танҳо 60 дарсади онҳо амалкарди уро мусбат арзёбӣ кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи августи 77 дарсади ҷумҳурихоҳон чунин назаре доштанд.
Тибқи ин гузориш ба назар мерасад худдории Трамп аз пазириши шикаст дар интихобот ва шуриши хушунатбори Конгресс дар рӯзи шашуми январ аз далилҳои аслии ин коҳиш бошад.
Назарсанҷии "Пив" нишон дод, ки 54 дарсади амрикоиҳо фикр мекунанд,Трамп бояд аз қудрат барканор шавад ва 45 дарсад муътақиданд ӯ бояд давраи худро ба поён бирасонад.
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, хабар дод Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Раёсат дар СҲШ-ро соли равон Тоҷикистон ба уҳда дорад. Имсол инчунин ҳамоиши ҷашнӣ - 20-умин солгарди таъсисёбии созмон мебошад.
Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ дар соли ҷорӣ 26-29 январ дар шаҳри Душанбе дар нақша аст.
“Дар Вазорати корҳои хориҷӣ барои баргузории саммити СҲШ, ки 16-17 сентябр дар назар аст, ситоди махсус ташкил шуда, нахустин ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллӣ 26-29-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад”, - изҳор дошт Аҳмадзода зимни мулоқот бо хабарнигорон.
Ӯ афзуд, ки сомонаи махсус ташкил дода мешавад, ки иттилоъ дар бораи чорабиниҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай дар соли равонро фаро хоҳад гирифт.
Баробари мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва вазирони умури хориҷии давлатҳои созмон, инчунин мулоқотҳои роҳбарони идораҳои соҳавӣ – аз мудофиа то иқтисоду тиҷорат ба нақша гирифта шудаанд.
Ба гуфтаи намояндаи ВУХ Тоҷикистон, имсол барои бори аввал дар Душанбе Анҷумани иқтисодии СҲШ ба нақша гирифта шуда, инчунин ташкили мулоқоти намояндагони бахши сайёҳию расонаҳо дар назар аст.
СҲШ созмони байналмилалие мебошад, ки Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия соли 2020-ро натиҷагирӣ мекунад. Ҳамчунин, Лавров ба таври мустақим ва ё онлайн ба суолҳои намояндагони расонаҳо посух хоҳад гуфт.
Лавров як соли кори дипломатҳои Руксияро баҳогузорӣ хоҳад кард.
Интизор меравад, Лавров мавзӯи таъсири пандемияро ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ хоҳад кард.
Нишаст соати 11:00 бо вақти Маскав оғоз гашт.
Ёдрас мешавем, ҳамасола ин нишасти ВКД Русия одатан дар моҳи январ баргузор мешавад ва то ду соат идома меёбад.