Қасри миллат. Акса з бойгонӣ

Вохӯрии Эмомали Раҳмон бо Валерий Шантсев

18
Дар вохӯрии президенти кишвар бо губернатори вилояти Нижегороди ФР Валерий Шантсев афзун намудани шумораи бурсияҳои таҳсил барои шаҳрвандони ҶТ дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба арзёбӣ гардид.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эмомали Раҳмон губернатори Нижегороди ФР Валерий Шантсевро ба ҳузур пазируфт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии сарвари кишвар.

Бино ба иттилои манбаъ зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

"Мо ба рушди марҳила ба марҳилаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия изҳори ҳавасмандӣ менамоем, таъкид кард сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ҳамёрии кишварҳои моро муносибатҳои неки стратегии дуҷониба ва минтақавӣ таҳким мебахшад",-омадааст адр иттилоия.

Ҳамчунин қайд шуд, ки Русия яке аз аввалин кишварҳоест, ки ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону ин кишвар дар афзоиш аст.

Дар мулоқот доир ба рушди ҳамкорӣ бо вилояти Нижегороди Федератсияи Русия дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф ва туризм табодули афкори судманд доир гардид. Дар ҳамин замина ҷалби ташкилоту корхонаҳои саноатии вилояти Нижегород барои фаъолият дар Минатақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили содироти бештари меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба шаҳру вилоятҳои Русия ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таҳсил барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доиншгоҳҳои таълимии ФР аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти муносибатҳо дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик табодули афкор намуданд.

18
Барчаспҳо:
соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, савдо, мулоқот, Валерий Шатсев, Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
“АвтоВАЗ” мехоҳад тариқи Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид шавад