ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Вохӯрии аввалини президентони Русия ва Туркия Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон баъди бӯҳрон, ки дар Санк-Питербург баргузор гардид, 2 соат давом кард.
Пасон тарафайн масъалаи муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳайъати васеъ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз Русия дар музокироти васеъ вазири ВКХ Сергей Лавров, масъули сиёсати хориҷӣ ёрдамчии президент Юрий Ушаков, сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов, вазири энергетика ва сардори комиссияи ҳамкориҳои савдо ва иқтисодӣ Александр Новак, вазири рушди иқтисод Аликсей Улюкаев, вазири нақлиёт Максим Соколов, роҳбари "Газпром" Аликсей Миллер, роҳбари дастгоҳ Валерий Герасимов, намояндаи махсуси президенти Русия дар танзими вазъи Сурия Александр Леврантев ширкат варзиданд.
Ҳайъати Туркия иборат аз муовини сарвазир Маҳмад Шимшек, вазири корҳои хориҷӣ Мавлуд Ҷувушӯғлу, вазири иқтисод Нихат Зейбечкӣ, вазири энергетика Берат Албайрак, сардори Ташкилоти кашфи миллӣ Ҳоқон Фидан буданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин вазири хоҷагии қишлоқи Туркия, вазири фарҳанг ва саёҳат, вазири нақлиёт, сафири Туркия дар Русия, муовини раиси Ҳизби адолат ва рушди Туркия ва котиби саноати мудофиаи вазорати мудофиаи кишвар ширкат намуданд.
Эрдоган ба Питербург рӯзи сешанбе омад. Путин ҳамкори туркиашро дар меҳмонхонаи юнонии Қасри Константиновскӣ дар Стрелн(Питербург) қабул намуд. Вохӯрӣ бо дастфишурӣ оғоз гардид.
Президенти Русия сараввал пешвои Туркияро истиқбол намуда, изҳор дошт, ки муносибати Русияву Туркияро воқеаи ҳавопаймои Су-24 таназзул дод, аммо ҳузури ҳамтояшаз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ мехоҳад муколама ва муносибатҳоро ба хотири халқи ин ду мамлакат барқарор намояд. Сарвари давлати рус иброз намуд, ки мақсади ӯ баррасӣ намудани маҷмӯи муносибатҳои дутарафа аз ҷумла мубориза бо терроризм ва муносибатҳои иқтисодӣ бо Эрдоган мебошад. Эрдоган, дар навбати худ қайд намуд, ки ба васеъ шудани муносибатҳои Русияву Туркия итминон дорад.
Бӯҳрон дар муносибатҳои Русияву Туркия дар он вақт сар зад, ки моҳи ноябри соли 2015 муборизи Туркия дар Сурия бомбаандози Русия Су-24 афтонид. Раисҷумҳур ин ҳодисаро аз тарафи ҳаммаслакони террористӣ "зарба ба тахтапушт" номид. Русия дар муносибатҳо бо Туркия якчанд маҳдудиятҳои иқтисодӣ ворид намуд.
Бӯҳронро мактуби расмии Эрдоган ба Путин, ки дар он пешвои туркӣ барои воқеаи Су-24 бахшиш мепурсид, мулоимтар намуд. Ҳамчунин додгоҳи Туркия нисбати гумонбари қотили ҳавонаварди Русия тафтишот оғоз кард.
ДУШАНБЕ, 18 январ - Sputnik. Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст.
Иқдоми Трамп дар напазируфтани шикаст дар интихобот, ки ҳаводиси хушунатбори Конгрессро ба бор овард, мизони ризоят аз амалкарди ӯро ба 29 дарсад коҳиш додааст.
Ба гузориши хабаргузории "Парс тудей" ба нақл аз "Дейли мил", натиҷаҳои назарсанҷии "Пив", ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, нишон дод мизони ризоят аз Доналд Трамп ба 29 дарсад кам шуд, ки поинтарин мизон дар давраи раёсати ҷумҳурии ӯ ба шумор меравад.
Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст.
Ин мизони ризоят 9 дарсад камтар аз августи 2020 баровард шудааст.
Бинобар ин назарсанҷӣ ҳатто дар байни ҷумҳурихоҳон низ маҳбубияти Трамп коҳиш дошта аст ва танҳо 60 дарсади онҳо амалкарди уро мусбат арзёбӣ кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи августи 77 дарсади ҷумҳурихоҳон чунин назаре доштанд.
Тибқи ин гузориш ба назар мерасад худдории Трамп аз пазириши шикаст дар интихобот ва шуриши хушунатбори Конгресс дар рӯзи шашуми январ аз далилҳои аслии ин коҳиш бошад.
Назарсанҷии "Пив" нишон дод, ки 54 дарсади амрикоиҳо фикр мекунанд,Трамп бояд аз қудрат барканор шавад ва 45 дарсад муътақиданд ӯ бояд давраи худро ба поён бирасонад.
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, хабар дод Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Раёсат дар СҲШ-ро соли равон Тоҷикистон ба уҳда дорад. Имсол инчунин ҳамоиши ҷашнӣ - 20-умин солгарди таъсисёбии созмон мебошад.
Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ дар соли ҷорӣ 26-29 январ дар шаҳри Душанбе дар нақша аст.
“Дар Вазорати корҳои хориҷӣ барои баргузории саммити СҲШ, ки 16-17 сентябр дар назар аст, ситоди махсус ташкил шуда, нахустин ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллӣ 26-29-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад”, - изҳор дошт Аҳмадзода зимни мулоқот бо хабарнигорон.
Ӯ афзуд, ки сомонаи махсус ташкил дода мешавад, ки иттилоъ дар бораи чорабиниҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай дар соли равонро фаро хоҳад гирифт.
Баробари мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва вазирони умури хориҷии давлатҳои созмон, инчунин мулоқотҳои роҳбарони идораҳои соҳавӣ – аз мудофиа то иқтисоду тиҷорат ба нақша гирифта шудаанд.
Ба гуфтаи намояндаи ВУХ Тоҷикистон, имсол барои бори аввал дар Душанбе Анҷумани иқтисодии СҲШ ба нақша гирифта шуда, инчунин ташкили мулоқоти намояндагони бахши сайёҳию расонаҳо дар назар аст.
СҲШ созмони байналмилалие мебошад, ки Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Шурӯъ аз рӯзи душанбеи 18 январ дар Русия бо супориши Владимир Путин маъракаи эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Русия метавонанд бевосита аз миёни ду ваксинае, ки дар Русия раман сабти ном шудаанд якеро интихоб карда, эм гиранд.
Бори нахуст: мубталошавии 20 000 нафар дар Русия ба коронавирус давоми як рӯз
Гуфта мешавад, маъракаи эмгузаронӣ комилан ройгон аст.
Ҳукумати Русия ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта эълон намуд, ки нахуст пизишкону муаллимон, кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳамчунин нафароне, ки маризи қанду дил ва фарбеҳӣ доранд, эм мешаванд.
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳам: идомаи эмкунии сартосарӣ аз коронавирус дар Русия - навор
Зимнан, рӯзи 13 январ кишвардори Русия Владимир Путин супориш дод, ки дар минтақаҳо шумораи нуқтаҳои эмгузаронӣ афзун карда шавад.
Бояд таъкид намуд, ки дар Русия расман ваксинаи "Спутник V" аз маркази Гамалея ва “ЭпиВакКорона"- и ”Вектор” расман сабти ном шуданд.