5 сентября 2016. Президенти ФР Владимир Путин ва президенти ИМА Барак Обама дар вақти вохӯрӣ дар Ханчжау

Мулоқоти як соатаи Путин ва Обама дар Чин

18
(Таҷдидшуда 13:04 05.09.2016)
Муддати вохӯрии сарони ду давлат дар Чин аз вақти ба нақшаи гирифташуда ҳам,зиёдтарро давом ёфт. Дар аввал дар толор вазири ВКХ ФР Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ҳузур доштанд, пасон президентон суҳбаташондро дар алоҳидагӣ давом доданд.

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар давоми саммити "бистгонаи калон"  дар шаҳри Ханчжоуи Чин президенти Русия Владимир Путин  ва ИМА Борак Обама вохӯрӣ доир намуданд.

Путин ва Обама ҳамдигарро пешвоз гирифтанд ва пасон ба гуфтушунид оғоз карданд. Сӯҳбати онҳо зиёда аз як соат давом кард.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Русия ҳамчунин вазири ВКХ ФР Сергей Лавров ва ёрдамчии президент Юрий Ушаков ва аз ҷониби ИМА- котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ иштирок доштанд. Баъдтар президентон дар танҳогӣ сӯҳбати худро давом доданд.

"Вохӯрӣ аз вақти ба нақша гирифташуда ҳам, бештар давом кард. Асосан масъалаи Сурия ва пасон Украинаро муҳокима намуданд. Пасон,  Путин ва Обама чашм ба чашм сӯҳбат намуданд",- гуфт котиби матбуоти президенти ФР Дмитрий Песков.

Вақте ки дар бораи чӣ гуна гузаштани ин сӯҳбати сарони ду давлат пурсон шуданд,  Песков кӯтоҳакак гуфт: "Хуб, корҳо давом хоҳанд ёфт".

Пештар Песков ба рӯзноманигорон нақл карда буд, ки рӯзи якшанбе Путин ва Обама ячанд маротиба сӯҳбати кӯтоҳ доир намуда, ба хулоса омаданд, ки вохӯрии алоҳида доир менамоянд. Манбаи ҳайъати кории  русӣ гуфтааст, ки маҳз Обама хоҳиш намудааст, ки дар алоҳидагӣ президентон сӯҳбат намоянд.

 

 

18
Барчаспҳо:
Вохӯрии сарони Русия ва ИМА, Саммити "бистгонаи калон", Владимир Путин, Барак Обама, Ханчжау, Дар ҷаҳон, Чин
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

136
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

136
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Санаи сафари Иноятов дар садри вакилони Ӯзбекистон ба Душанбе маълум шуд

155
(Таҷдидшуда 17:09 19.09.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи сафари ҳайати вакилони Ӯзбекистонро таҳти роҳбарии Улуғбек Иноятов ба Душанбе эълон кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҳадафи сафар иштирок дар нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Ҳайати намояндагони парлумони Ӯзбекистон 20 сентябр ба Душанбе меояд.

Дар Душанбе мулоқотҳои ҳайати парлумонии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон 21 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Муҳаммадатов Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба “Ховар” иттилоъ додааст, ки ҳайати Ӯзбекистонро, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду палатаи парлумони ин кишвар шомиланд, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов сарварӣ мекунад.

“Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ӯзбекистонро муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ сарварӣ мекунад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ илова намуд, ки щайати Ӯзбекистон дар доираи ин сафар ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, аз шаҳри Турсунзода дидан менамояд.

155
Барчаспҳо:
парлумон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон