Путин ба қабри президенти Узбакистон гулчанбар гузошт

55
(Таҷдидшуда 13:26 06.09.2016)
Зимни ба Самарқанд расидан, ки он ҷо рӯзи 3-юми сентябри соли равон президенти Узбакистон Ислом Каримов ба хок супурда шуд, Владимир Путин дарҳол ба қабристони президенти нахустини Узбакистон равон шуд.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба Самарқанд рафта, ба қабри президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов гулчанбар гузошт.

Қабристон дар шаҳри Самарқанд, ки он ҷо президенти Узбакистон ба дунё омадааст, дар наздикии ёдгории Шоҳи Зинда, ҷойгир шудааст. Маҳз дар ҳамин минтақа волидони президент низ ба хок супурда шудаанд.

Президенти Русия Владимир Путин ҳамроҳ бо сарвазири Узбакистон ба хотири арзи эҳтиром ба зиёрати қабри президенти Узбакистон равон шуд. Владимир Путин ба қабри Ислом Каримов гулчанбари иборат аз гулҳои садбарги сурх гузошт.

Ҳукумати ҷумҳурии Узбакистон шоми рӯзи ҷумъа хабар доданд, ки Ислом Каримов дар синни 78-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар мамлакат се рӯзи мотам эълон карда шуд. Каримов рӯзи шанбе дар қабристони таърихии шоҳи Зинда, дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супорида шуд.

Дар робита ба сафари Путин ба Самарқанд ёвараш Юрий Ушаков иттилоъ додааст, ки президент ба Самарқанд меравад ва ният дорад, ки барои арзи эҳтиром гӯри Каримовро зиёрат намуда, ҳамдардиву тасаллият изҳор кунад.

55
Барчаспҳо:
гузоштани гулчанбар, изҳори тасаллият, Ислом Каримов, Владимир Путин, Самарқанд, Узбакистон
Мавзуҳо:
Узбакистон бидуни Ислом Каримов (18)
Мавзуъ
ВАО дар бораи марги Ислом Каримов хабар медиҳад
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ интизориҳояшро аз интихоботи президентӣ эълон кард

1546
(Таҷдидшуда 15:09 12.08.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интизороташро аз интихоботи президентии 11 октябр баён дошт

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки интихобот бояд шаффофу демократӣ бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шавад.

Ӯ изҳори умед кард, ки интихоботи раисиҷумҳур омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.

"Сахт андӯҳгин шудем": ҳамдардии Вазорати фарҳанг бо хонаводаи Баҳром Ғафурӣ

“Ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида шуда, он ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Маҷлиси миллӣ.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки “ин интихобот бояд сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро нишон дода, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд”.

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

Ӯ дар ҷаласаи ахири муштараки ду палатаи парлумон борҳо аз вакилон суол кард, ки оё дар бораи интихобот пешниҳодҳое доранд, аммо посухе нагирифт.

Дар охир Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш кард, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.

1546
Барчаспҳо:
интихобот, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Парламентские выборы в Таджикистане

Ватанзода 4 сабаби таъйини интихобот дар октябрро гуфт

381
Дар ҳоле, ки таъйини интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи октябр дар доираи коршиносон баҳсе барангехтаст, Маҳмадалӣ Ватанзода, собиқ ёвари раисиҷумҳур ва феълан ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон сабаби интихоби ин санаро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ватанзода, ки санаи баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистонро 11 октябр пешниҳод карда буд, 4 далели  худро ироа кард.

Ӯ тавзеҳ дод, ки  дар баробари ташкили дурусти интихобот, шароитҳои мувофиқ, аз ҷумла боду ҳавои мусоид зарур аст.

“Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки моҳҳои сентябр ва аввали октябр дар муқоиса бо моҳи ноябр нисбатан гарму бебориш мебошад. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон рафтуомад ба ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ аз сабаби боришоти зиёд ва баъзан баста шудани роҳҳо мушкил мегардад. Дар моҳи октябр таъин намудани интихобот барои озодона гузаронидани чорабиниҳои пешазинтихоботӣ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба раванди интихобот таъсири мусбат мерасонад”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ватанзода.

Ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон, далели дуюмро паҳншавии бемори сироятии COVID-19 гуфт.

“Ба ақидаи мутахассисон суръати паҳншавии ин беморӣ дар мавсими гармтар суст ва дар мавсими нисбатан хунук бештар мегардад. Ҳарчанд вазъи кунунии эпидемияи COVID-19 дар ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дорад, мувофиқи мақсад аст, ки интихобот дар мавсими гармтар гузаронида шавад. Ин имконият медиҳад, ки чорабиниҳои пешазинтихоботӣ бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ баргузор гарданд ва хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ пешгирӣ карда шавад”, - таъкид кард ӯ.

Дар банди сеюм Ватанзода таъкид кард, ки дар аввали моҳи октябр баргузор намудани интихоботи Президент барои риояи муҳлатҳое, ки Конститутсия ва қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ягон монеа эҷод намекунад. Чорабиниҳое, ки дар раванди интихобот бояд гузаронида шавад, имкон доранд, дар вақту давраҳои муайяншуда баргузор карда шаванд.

“Қонунгузории амалкунанда дар санаи мушаххас баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ накардааст ва барои дар дигар вақт баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон маҳдудият мавҷуд нест”, - таъкид кард Ватанзода.

Ин дар ҳолест, ки интихоботҳои пешинаи Президенти Тоҷикистон шашуми ноябр гузаронида мешуданд. Аммо Ватанзода мегӯяд, бо назардошти омилҳои номбаркардааш имсол моҳи октябр ба мақсад  мувофиқтар аст.

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар интихоботи президентӣ халқи Тоҷикистон номзади арзандатаринро интихоб намуда, дар роҳи созандагию ободкорӣ ва рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

381
Барчаспҳо:
интихоботи раисҷумҳур, президент, интихобот, Тоҷикистон
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

Сипоси падари Баҳром Ғафурӣ ба ғамшарикони хонадонаш

0
Хонаводаи Бахром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, ба тамоми дӯстону азизоне, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ғамшарикӣ кардаанд, изҳори сипос кардааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Баҳром аввал ба шумо – миллати бошараф ва мухлисони азизаш, сипас ба хонаводаи мо тааллуқ дошт, омадааст дар изҳороти хонаводаи мотамзада.

“Аз замин то осмон аз якояки шумо миннатдорем. Худованд ҳамаи шуморо аз балову офатҳои заминиву осмонӣ нигаҳбон бошад!”, - дуо кардаанд аҳли байти сароянда.

Сипосномаро яке аз дӯстони хонавода, рӯзноманигор Фахриддини Холбек дар саҳифаи фейсбукияш аз номи падари хонадон - амаки Шамсиддин, бародарони Баҳром - Анвар, Музаффар, Вайсиддин, писаронаш – Анӯшервон ва Эҳсон ва бақияи аъзои хонаводаи Баҳром Ғафурӣ нашр кардааст.

Баҳром Ғафурӣ бар асари садамаи маргбор санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 ҷон дода буд.

Бино бар иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст. .

Ба иттилои мабаъ, дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

0
Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, овозхон, Тоҷикистон