3 сентябри соли 2016. Президенти ФР Владимир Путин дар нишасти хабарӣ

Путин дар ҷаласаи ҷашнии ИДМ дар Бишкек ширкат мекунад

42
(Таҷдидшуда 16:05 14.09.2016)
Сарони давлатҳо натиҷаҳои фаъолияти иттиҳоди байнидавлатиро баррасӣ карда,оид ба самтҳои асосии рушди кишварҳои аъзо мубодилаи афкор хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин барои ширкат дар ҳамоиши Шӯрои сарони кишварҳои-ИДМ ба шаҳри Бишкек меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.

"Владмир Путин дар ҳамоиши Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мастаъқил дар Бишкек ширкат меварзад. Дар доираи 25 соли ташкилшавии ИДМ сарони давлатҳо аз фаъолияти иттиҳоди байнидавлатӣ натиҷагирӣ мекунанд, онҳо фикру ақидаҳои хешро др бораи рушди ояндаи ҳамкориҳои Иттиҳод баён хоҳанд кард",- омадааст дар хабар.

Интизорӣ меравад, ки дар поёни нишаст якчанд ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла изҳорот оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, оид ба мушкилии ҷаҳонии маводи мухаддир қабул карда мешаванд. Ҳамчунин ба нақши гирифта шудааст, ки қарорҳои ташкилотии Иттиҳод, аз ҷумла дар соли 2017 баргузор гардидани ҳамоиш дар Русия, ба имзо мерасад.

Пештар хабар дода шуд, ки бисёаре аз кишварҳои- аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон  иштироки худро дар ҳамоиш тасдиқ намудаанд.

42
Барчаспҳо:
Ҳамоиши ҷашнии кишварҳои аъзои Иттиҳод, Владимир Путин, Бишкек, Қирғизистон, Русия
Мавзуҳо:
Ҷаласаи ҷашнии кишварҳои ИДМ дар Бишкек (6)
Мавзуъ
Сарони давлатҳои ИДМ дар Бишкек: роҳбаронро чӣ гуна қабул ва меҳмондорӣ мекунанд