Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои нави Сараёсати консулии ВКХ. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ дастур дод то ба корҳои дипломатӣ, ҷавонони забондон ҷалб шаванд

29
(Таҷдидшуда 15:54 29.09.2016)
Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо буридани лентаи рамзӣ бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷиро ба истифода дода таъкид кард, ки ба корҳои дипломатӣ мутахассисони ҷавону забондон ҷалб карда шаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти ҶТ.

Хотиррасон бояд кард, ки 7 сентябри соли 2015 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ санги асос гузошта дастур дода буд, ки бино то рӯзҳои таҷлили чашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шавад.

Бино дар маркази шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 6586 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 9 ошёна ва 45 утоки корӣ иборат аст.Харҷи сохтмони бинои нави Сарраёсати консулӣ ва хариди таҷҳизоту технологияи муосиртарини корӣ пурра аз ҳисоби маблағҳои даромадҳои консулӣ анҷом дода шудааст.

"Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ВКХ-ро барои беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии консулӣ ва ҷалби мутахассиони ҷавону лаёқатманди забондон ба корҳои дипломатӣ вазифадор карда таъкид намуд, ки хизмати босифати ҳар як корманди масъули вазорату Сарраёсати консулӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии роҳбарияти давлат ва ҳукумат нақши муҳим мегузорад",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин манбаъ мегӯяд, ки тамоми хизматҳои консулӣ дар Тоҷикистон тариқи электронӣ сурат гирифта дар бинои нави Сарраёсати консулӣ низоми хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла навбати электронӣ, назорати видеоию электронӣ ва ғайраи дигар ба роҳ монда шудааст.

Гуфта мешавад, ки бинои мазкур бо дастуру ҳидоятҳои  сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида маблағи сохтмони он тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ беш аз 47 миллиону 409 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ барои хариди таҷҳизот 17 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

29
Барчаспҳо:
ҷалби мутахассисони ҷавон, бинои нав, дастур, ВКХ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Намоишгоҳи кишоварзӣ ва хатнасур: сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикобод
Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни ҳарбӣ калиди хона супорид