Президенти ФР Путин. Акс аз бойгонӣ

Путин:барои ҳалли мушкилоти Афғонистон, бояд қатъӣ амал кард

35
Вазъият дар Афғонистон ташвишовар мебошад, қайд кард президенти Федератсияи Русия Владимир Путин. Русия мехоҳад шаклҳои ҳамкориеро рушд диҳад, ки имкони бо зудӣ бартараф кардани хатарҳои амниятиро доранд

ДУШАНБЕ, 13 октябр — Sputnik. Бояд барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистан ба таври қатъӣ амал намуд, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо РИА Новости ва оҷонсии иттилоотии Ҳиндустон IANS.

"Вазъият дар минтақаи байни Ҳиндустону Русия муташанниҷ боқӣ мемонад. Аз ҷумла, вазъияти Афғонистон то ҳол моро нигарон мекунад. Барои кӯмак намудан ба ин кишвар ва мубориза намудан бо таҳдидҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бояд қатъиян амал кард",- изҳор дошт Путин.

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки Русия тарафдори шаклҳои ҳамкорие мебошад, ки боиси ба зудӣ бартараф кардани хатарҳои амниятӣ мегарданд. Роҳҳои муборизаи муштаракро зидди ин гуна таҳдидҳоро бояд якҷоя пайдо кард, афзуд ӯ.

Президент изҳор дошт, ки дар ин ҷода нақши асосиро Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебозад.

Ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон тайи моҳҳои охир шиддат ёфтааст. Ҳаракати "Толибон", ки пештар қисми зиёди деҳотро зери даст дошт, акнун  ба шаҳрҳои калон рӯ овардааст. Гузашта аз ин, дар Афғонистон нуфузи гурӯҳҳои Давлати исломӣ афзоиш ёфтааст.

35
Барчаспҳо:
Мушкилоти Афғонистон, Путин, Русия
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Занги Эмомалӣ Раҳмон ба Назарбоев: 80-солагӣ муборак

128
Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Имрӯз, 6 июл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якумин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Дар ҷараёни суҳбат кишвардори Тоҷикистон якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо рӯйдоди муҳим – 80–солагии зодрӯзаш самимона табрик карда, таманниёти неки худро ба соҳибҷашн иброз намуд", - менависад котиботи раисҷумҳур.

Раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти самарабахши солҳои тулонии Нурсултон Назарбоевро дар маснади Президенти Қазоқистони дӯст бахусус зикр кардааст.

Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон унвонии якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

128
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Имтиёзҳои замони COVID - 19 ва ҷавобгарӣ барои нақзи "карантин": Раҳмон 22 қонун имзо кард

1175
(Таҷдидшуда 14:34 04.07.2020)
Имрӯз, 4 июл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расонда шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якқатор қонунҳоро имзо кард. Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, қонунҳои баимзорасида ба дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқии ройгон, пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва таъмини сиҳатии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҷавобгарӣ барои нақзи чорабиниҳои қарантинӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Имтиёзҳо

Дар асоси иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» воридгардида вобаста ба пайомадҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии бемории COVID-19 имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббиву маишӣ аз пардохти намудҳои алоҳидаи андоз дар мӯҳлатҳои муайян озод карда мешаванд.

Соддагардонии барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади осону содда гардондани барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамояд.

Ҳамчунин ин тағйиру иловаҳо боҷи давлатиро барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул бекор мекунанд.

Манбаъ афзуда, ки матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешавад.

1175
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото

Раисҷумҳури Афғонистон аз тамоми кишварҳои минтақа ба ҷуз Тоҷикистон изҳори сипос кард

0
(Таҷдидшуда 02:18 08.07.2020)
Раисҷумҳури Афғонистон аз Эрон ва чанд кишвари минтақа ба далели бознигаҳ доштани марзҳои транзитии худ, изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ашраф  Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар маросими ифтитоҳи нишасти машваратии кишварҳои минтақа ва ҳамсоя, ки ба сурати видео-конференсия дар Кобул баргузор шуд, аз кишварҳои минтақа ба вижа Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҳинд ва Туркия ки марзҳои тиҷории худро барои транзиту вуруди коло ба Афғонистон дар замони шуюъи вируси корона боз нигаҳ дошта буданд ташаккур кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳури Афғонистон зикр кардааст, ки иқдоми ин кишварҳо боис шуд Афғонистон бо камбуди маводи аввалия дар шароити корона рӯ ба рӯ нашаваду ин намуна ҳамкории хуби тиҷоратӣ аст. 

Ашрафи Ғанӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳдидҳо ва хатарҳои пеши рӯи сулҳ дар Афғонистон гуфт,  агар гурӯҳи Толибон ба ҷанг идома диҳад,  раванди сулҳи Афғонистон бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. 

Нишасти машваратии бист  кишвари минтақа, ҳамсоя ва созмонҳои ҷаҳонӣ бо ҳадафи кӯмак ба барқарории сулҳ дар Афғонистон ба сурати видеоии асри душанбе дар Кобул баргузор шуд.

0
Барчаспҳо:
Эрон, кишварҳо, изҳори сипос, минтақа, Тоҷикистон, Афғонистон