Шиносномаи шаҳрванди Узбакистон.Акс аз бойгонӣ

Кормандони давлатии Узбакистон соҳиби иҷозатномаи зист дар Тошканд мегарданд

18
Дар рӯйхат 59 муассисаи давлатӣ аз ҷумла: ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва оҷонсӣ, додгоҳ, дастгоҳи иҷроияи президент, Пракуратураи генералӣ, КМИ, Бонки марказӣ, ҳокимияти Тошканд ва дигарҳо.

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон рӯйхати идораҳои давлатиеро, ки роҳбаронашон метавонанд дар Тошканд ва вилояти назди Тошканд иҷозатномаи истиқомат дошта бошанд, тасдиқ кард, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон бо такя ба Lex.uz.

Дар рӯйхат 59 муассисаи давлатӣ аз ҷумла: ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва оҷонсӣ, додгоҳ, дастгоҳи иҷроияи президент, Пракуратураи генералӣ, КМИ, Бонки марказӣ, ҳокимияти Тошканд ва вилояти назди Тошканд ҷойгир шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳуҷҷати мазкур омадааст, ки қарор дар бораи гирифтани иҷозатномаи истиқоматии доимӣ аз ҷониби мушовирони президент, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, муовини раиси сенат ва раиси палатаи қонунбарор-Маҷлиси Олӣ ва ҳамчунин муовинони сарвазир ва нахуствазири кишвар имзо карда хоҳад шуд.

18
Барчаспҳо:
иҷозатномаи зист, Узбакистон
Мавзуъ
Дар Узбакистон пеш аз интихобот телефони “боадолат” фаъол мешавад
Дар Узбакистон занон бо кӯдакони то 3-сола ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд
Дар Узбакистон меҳнати маҷбурӣ ва пахтачинии кӯдакон манъ шуд
Члены движения Талибан, архивное фото

Ғанӣ амр дод, ки то 2 ҳазор маҳбуси Толибонро раҳо шаванд

133
(Таҷдидшуда 11:12 25.05.2020)
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифт, ки тақрибан ду ҳазор маҳбусони толибонро дар посух ба оташбас ба иди Фитр озод кунад

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон раҳо карда шаванд, гуфт сухангӯи ӯ Седик Седикки.

Қаблан Толибон дар Афғонистон аз қатъи тирпаррониҳо давоми се рӯз ба ифтихори Иди Фитр хабар доданд. Президенти Афғонистон инро истиқбол кард ва изҳор дошт, ки раванди озодшавӣ аз маҳбасҳо ҷонибдорони ҷунбиши радикалии Толибон суръат хоҳад ёфт ва аз Толибон даъват карда шуд, ки раҳоии маҳбусонро низ суръат бахшанд.

"Президент Ғанӣ имрӯз (якшанбе) Ҷараёни раҳо кардани 2000 нафар маҳбусони толибонро ҳамчун иқдоми хайрхоҳона дар посух ба эълони оташбаси онҳо дар замони Иди Фитр оғоз кард. Ҳукумати федералии Афғонистон пешниҳоди сулҳро тавсеа медиҳад ва барои таъмини муваффақияти раванди сулҳ қадамҳои минбаъда меандешад "гуфт Сиддиқӣ дар Твиттер.

Ёдовар мешавем охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, ИМА ва гурӯҳи радикалии Толибон аввалин созишномаи сулҳро зарфи беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар тӯли 14 ва гуфтугӯи сулҳро пешбинӣ мекунад.

Муколама миёни ҳукумати Ғанӣ ва Толибон моҳи март пас аз раҳоии маҳбусон аз ҳарду ҷониб оғоз шуд.

133
Барчаспҳо:
оташбас, раҳоӣ, маҳбусон, Толибон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Афғонистон
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница.

250 нафар: Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистонро раҳо кард

845
(Таҷдидшуда 15:33 24.05.2020)
Тоҷикистон ҳудуди 250 шаҳрванди Афғонистонро иҷозаи хуруҷ аз марзҳояшро дод. Аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олӣ будаанд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Мӯҷибуллоҳ Маликзода, атташеи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин афрод рӯзҳои шанбеву якшанбе аз гузаргоҳи марзии "Панҷи поён"-и Тоҷикистон ба "Шерхон Бандар" – и Афғонистон гузаштанд.

Вай афзуд, аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистонанд.

"Вақте вазорати маорифи Тоҷикистон донишҷӯёнро қабл аз муҳлат рухсат кард, бачаҳои мо ба далели банд будани марзҳо натавонистанд ба хонаҳояшон баргарданд ва мувоҷеҳи мушкилоти молиявӣ шуданд”, - гуфт Мӯҷибуллоҳ Маликзода.

Тибқи иттилои сафорати Афғонистон дар Душанбе, ҳудуди 400 донишҷӯ, унвонҷӯёни магистириву доктори ин кишвар дар макотиби олӣ, магистратураву докторантураҳои Тоҷикистон машғули таҳсилу пажӯҳиш мебошанд. Аз ин теъдод таҳсили 70 нафар бо бурсияи давлати Тоҷикистон сурат мегирад.

Донишҷӯёни Афғонистон дар риштаҳои тиб, иқтисод, сиёсат, молия, муҳандисӣ, фанновариҳои ҷадид ва дигар фанҳо таҳсил мекунанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳанӯз 30 апрели соли ҷорӣ донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бар асоси бо як қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории "вируси корона" ё COVID-19 рухсат карда буд. 10 май бо як қарори дигар хатмкунандаҳо низ рухсат шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои атташеи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Душанбе, ҳудуди 30 нафари дигар, ки инфиродӣ ва ё бо аҳли хонавода дар Тоҷикистон қарор доштанд ва то ба ҳол банд монда буданд, низ муваффақ ба тарки ин кишвар шуданд.

Омори нигаронкунандаи коронавирус дар Афғонистон: 178 фавт ва беш аз 7 ҳазор дардманд

"Инҳо афроде буданд, ки барои тафреҳ, хабаргирии наздикон ва тадовӣ ба Тоҷикистон омада буданд. Вазъи молиявии эшон низ дар ин миён ба вахомат гароид. Хушбахтона, рӯйхати афродро, ки мо ба вазорати мӯҳтарами хориҷаи Тоҷикистон ироа кардем, қабул шуд ва иҷозаи убури марзро доданд. Ҳарчанд рӯзҳои истироҳат буд, марзбонони тоҷик шаҳрвандони моро ба он сӯи дарё интиқол доданд”, - гуфт Мӯҷибуллоҳ Маликзода.

Дар ҳамин ҳол, ин танҳо мавриди вижаи иҷозаи шаҳрвандони Афғонистон аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон аст. Марзҳои ду кишвар то замони номаълум дигарбора баста хоҳанд монд.

Тоҷикистон сар аз 16 март охирин гузаргоҳҳои марзиаш бо Афғонистон – "Панҷи поён" – ро баста буд.

845
Барчаспҳо:
донишҷӯён, шаҳрвандон, Афғонистон, Тоҷикистон
Вакцинация, архивное фото

Русия замони эмгузаронии сартосарӣ аз маризии коронавирусро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 19:49 25.05.2020)
Русия сар аз авоили тирамоҳи соли равон ба эмгузаронии сокинон аз маризии сироятии коронавирус шурӯъ мекунад

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус авоили тирамоҳ шурӯъ хоҳад шуд ва анқариб 6 - 9 моҳро дарбар хоҳад гирифт.

Дар Русия озмоиши ваксина бар зидди коронавирусро оғоз карданд

Дар ин бора мудири Маркази илмь - тадқиқотии ба номи Гамалея оид ба эпидемиология ва микробиологияи Вазорати тандурустӣ Александр Гинтсбург дар барномаи "Зиндагии солим" дар шабакаи аввали телевизиони Русия ибрози назар дошт.

"Табиист, ки ба якборагӣ ҳамаро эмгузарондан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ мӯҳлати эмкунии сартосарӣ аз 6 то 9 моҳро дарбар мегирад", афзудааст ӯ.

Вай илова намуд, ки организми инсон пас аз маротибаи дуюм рӯбарӯ шудан бо вирус ва ҳамзамон ду маротиба эм гирифтан, нисбати он масуният пайдо мекунад.

Қаблан мудири марказ изҳор дошта буд, ки аз авохири тобистон дар Русия ба маъракаи эмгузаронӣ аз коронавирус шурӯъ мекунанд. Вале ҳоло ба гуфтаи ӯ талошҳои ҳамаҷониба ба харҷ дода шудааст, ки ин маърака ҳар чӣ зудтар баргузор гардад.

Ба гуфтаи вай, озмоишҳои клиникии ваксинҳо натиҷаҳои хуб доданд ва  интизор меравад, эмгузаронӣ сар аз 15 - уми июн пас аз гирифтани иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ба роҳ монда шавад.

0
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон