Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ

Тайиб Эрдуғон барои сӯҳбат бо Мирзиёев ба Самарқанд меравад

42
(Таҷдидшуда 09:51 21.11.2016)
Президенти Туркия бо сафари кории дурӯза ба шаҳри Самарқанд меравад ва бо иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Узбакистон Шавкат Мирзиёев вомехӯрад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо сафарҳои корӣ ба Узбакистон ва Покистон меравад, менависад  Hurriyet.

Чуноне дар хадамоти матбуоти президент қайд мегардад, мақсад аз сафар ба ин кишварҳо таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.

Ҳамин тавр санаи 16-уми ноябр раисҷумҳури Туркия ба Покистон сафар карда, дар доираи он бо президенти кишвар Мамнун Ҳусейн ва нахуствазир Навоз Шариф вохӯрӣ анҷом медиҳад. Ҳамчунин Эрдуғон дар Исломобод  назди вакилон ва сенат баромад хоҳад кард.

Баъд, президенти Туркия бо Навоз Шариф ба шаҳри Лоҳур сафар карда, дар вохӯрии доираҳои дипломатии ду кишвар иштирок мекунад.

Пасон  президенти Туркия санаи 17-18-уми ноябри соли равон ба шаҳри Самарқанд сафар карда, бо иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Узбакистон Шавкат Мирзиёев вомехӯрад.

42
Барчаспҳо:
таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, вохӯрӣ, Шавкат Мирзиёев, Мамнун Ҳусейн, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Навоз Шариф, Узбакистон, Покистон
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

1243
(Таҷдидшуда 16:16 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

1243
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон
Рахматилло Зойиров, архивное фото

Шарҳи Вазорат: кӣ рӯйхати аъзои ҲСДТ-ро ба милиса додаст?

316
(Таҷдидшуда 16:20 13.07.2020)
Вазорати адлияи Тоҷикистон аз фишору таъқиби аъзои Ҳизби сотсиал-демократи ҷумҳурӣ изҳори бехабарӣ карда, афзуд, ки рӯйхати аъзои ин ҳизбро ба ягон ниҳоди дигар пешниҳод накардааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, рӯйхате, ки ҲСДТ пешниҳод мекунад, танҳо барои истифодаи дохили вазорат нигоҳ дошта мешавад.

Ӯ таъкид намуд, ки ин рӯйхатҳо ба ягони ниҳоди давлатии дигар пешниҳод намегарданд.

Ҳакимзода афзуд, ки ягон арзу шикоят ба мақомоти бақайдгиранда, Вазорати адлия дар бораи фишору таъқиби аъзои ҲСДТ ворид нагардидааст.

Ноиби вазири адлия таъкид намуд, ки бо ҲСДТ ҳамкорӣ доранду хуб мешуд, худи ҳизб маълум мекард, ки ин сарчашмаҳо то куҷо воқеият доранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ аз таъқиби аъзоёни ҳизб дар навоҳӣ шикоят карда, афзуд, ҳисоботеро, ки дар бораи аъзои ҳизбаш ба Вазорати адлия пешниҳод мекунад, дар дасти маъмури милисае дид.

Дар ин феҳраст ному насаб ва макони зисти аъзои ҳизб сабт шудааст. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, рӯйхатеро, ки аз аҳзоб мегирад, ба ниҳодҳои дигари давлатӣ пешниҳод намекунад.

316
Барчаспҳо:
ҷумҳурӣ, ҲСДТ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

0
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон