Шавкат Мирзиёев, акс аз бойгонӣ

Мирзиёев савганд ёд кард ва ба вазифаи президентӣ шурӯъ намуд

67
(Таҷдидшуда 11:33 14.12.2016)
Намояндаи Комиссияи марказии интихоботӣ Абдусаломов ба Мирзиёев шаҳодатномаи президенти Ӯзбакистонро супорид, пас аз он президенти тозаи кишвар қасам ёд кард

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik.Президенти интихобгардидаи Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев дар маҷлиси якҷояи палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ қасам ёд карда, расман ба вазифаи худ шурӯъ намуд.

Тибқи тартиботи маросим раиси Комиссияи марказии интихоботӣ  Мирзо-Улуғбек ба Мирзиёев шаҳодатномаи президенти Ӯзбакистонро супорид, пас аз он раисҷумҳури тозаи кишвар дасти худро ба Қуръон ва Конститутсия гузошта,  қасам ёд кард.

Дар маросими қасамёдкунӣ роҳбарони намояндагони дипломатии дар Тошканд номнависшуда, намояндагони ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Мувофиқи маълумоти КМИ ҷумҳурӣ,  Мирзиёев аз Ҳизба Либерал- демократии Ӯзбакистон 88,61% овоз ба даст овардааст.

67
Барчаспҳо:
маросими савгандёдкунӣ, президент, Ӯзбакистон
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Се қарори Ҳукумат: Раҳмон сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - ро аз вазифа озод кард

452
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, чанде аз масъулини баландпояро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, дар мақомоти қудратӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

Бо қарори дигар Пиракзода Ҳикматулло ба ҷойи ӯ, сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Тибқи қарори сеюми Ҳукумат, Нурализода Нуриддин Файзиддин директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

452
Барчаспҳо:
Ҳукумат, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

2368
(Таҷдидшуда 15:16 10.07.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 10 июл, дар мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Раҷабзода Насимҷон ба ин вазифа таъйин гардид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло Сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Мирзозода Бадриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.

Ҳамзамон, Нурализода Нуриддин Директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мирзоён Нодир — муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зайнуддинзода Авазхон Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Зимни суҳбат раисиҷумҳур, аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки дар чунин шароити барои тамоми кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ хизмат намояд.

Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзур намудани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ва молу маҳсулоти пастсифат тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, танҳо масъулият ва ҳушёриву зиракии ҳар як сарҳадбон метавонад кишвари моро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

2368
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Флаги России и Кыргызстана

Сафорати Қирғизистон дар Русия кумак хост: қирғизҳо ба бино ва кормандон он ҳамла мекунанд

0
(Таҷдидшуда 12:58 11.07.2020)
Шаҳрвандони Қирғизистон ба сафорати кишварашон дар Русия ҳамла намуда чандин кормандонро латукӯб намуданд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Сафорати Қирғизистон дар Русия тадобири амниятиро тақвият дода, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб мекунад, ки бо шаҳрвандони Қирғизистон, ки намояндагони дипломатиро латукӯб ва таҳдид мекарданд, мубориза баранд.

Гуфта мешавад, феълан Сарраёсати умури дохилии Русия дар Маскав муайян мекунад, ки кӣ дар WhatsApp ба хароб намудани бинои сафорати Қирғизистон дар ин кишвар даъват карда, кормандони онро мавриди ҳамла қарор доданд.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Зимнан, ду изҳороти кормандони сафорат дар бораи далели расонидани зарари ҷисмонӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар робита ба ин ҳолат, нисбати ду шаҳрванди Қирғизистон чораҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.

Ҳамин тариқ, сафорат ба Вазорати умури хориҷӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия муроҷиат карда, дархости кумак намуд.

Сафорат дархост намудааст, ки барои ҳифзи бино аз воридшавӣ ва ё вайроншавӣ ва ҳамчунин аз пешгирӣ аз сӯиқасд ба кормандони сафорат  чораҳои дахлдор андешида шаванд.

0
Барчаспҳо:
кумак, Русия, сафорат, Қирғизистон