Леонид Илич Брежнев дар вақти сафар ба НБО Норак

Сафари Брежнев ба Тоҷикистон: хотираҳо аз сиёсатмадор

110
(Таҷдидшуда 18:45 19.12.2016)
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон ва дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Илич Брежневро ба хотир меоваранд, зеро имрӯз 110-солагии сиёсатмадор аст

ДУШАНБЕ, 19 дек —Sputnik.Моҳи сентябри соли 1970 ҳадафи асосии барномаи сафари Леонид Брежнев ба Тоҷикистон боздид аз майдони сохтмонии НБО Норак ба ҳисоб мерафт. Коршиноси минтақаҳои Осиёи Марказӣ Андрей Захватов:

Ҳамагӣ баъд ах 25 соли ба итмом расидани Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ сохтмони сарбанди аз ҳама баландтарин ва калонтарин НБО дар Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистонро аз ҷумҳурии аграрӣ ба аграрӣ-саноати табдил дод, ба анҷом расонида шуд.

Сафари Котиби генералӣ расмӣ набуд ва ташкилшуда низ набуд. Пешвои ИҶШС озодона, бидуни ягон муҳофизони шахсӣ бо сохтмончиён дар роҳи Норак муошират мекардва ба роҳбарони Тоҷикистон пешниҳодҳои оқилона низ мекард.

"Ҳангоми дар ағбаи Чормағзак таваққуф кардан, Брежнев нақл намуд, ки чӣ гуна дар вақти фаъолияташ дар Молдова- солҳои 1950-1952 дар ҷумҳурӣ дар нишебию теппаҳо майдончаҳо ташкил карда шуда буданд ва токзорҳо бунёд гардида буданд, ки заминҳои лалмиро аз ҳамин ҳисоб зиёд мекарданд. Дар ҳамин ҳол каме нагузашта аз кӯчае, ки Брежнев гузашта буд, токзорҳои зиёд пайдо шуданд. Ҳамчунин токзорҳо дар нишебиҳо ва баландиҳои ағбаи Фахробод низ пайдо гардиданд",- мегӯяд коршиноси минтақаҳои Осиёи Марказӣ Андрей Захватов.

Генеральный секретарь ЦК КПСС Леонид Ильич Брежнев (в центре) беседует с продавцом универмага во время посещения Нурекской ГЭС. 1970 год.
© Sputnik / Окунев
Котиби кулли Комитети марказии КПСС Леонид Илич Брежнев ҳангоми сафар ба НБО Норак, соли 1970 бо фурӯшандагони универмаг сӯҳбат мекунад

Ба гуфтаи вай ба муносибатҳои гуногуни таърихнигорон ба шахсияти Брежнев нигоҳ накарда(муҳаббати котиб ба ситораҳои тиллоӣ, саршавии ҷанг дар Афғонистон) нафақахӯрони Тоҷикистон то ҳол дар бораи  рушд ва тараққаёти саноат, хоҷагии қишлоқ, илм ва ва фарҳанг дар даврони роҳбарияти вай, нақл мекунанд.

"Ба фикри ман дар ин нуқтаи назар унсури назаррасе аз ҳақиқат мавҷуд аст",- гуфт дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикситон Андрей Захватов.

110
Барчаспҳо:
Сафари котиби кул ба НБО Норак, Леонид Илич Брежнев, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Имтиёзҳои замони COVID - 19 ва ҷавобгарӣ барои нақзи "карантин": Раҳмон 22 қонун имзо кард

1108
(Таҷдидшуда 14:34 04.07.2020)
Имрӯз, 4 июл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расонда шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якқатор қонунҳоро имзо кард. Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, қонунҳои баимзорасида ба дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқии ройгон, пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва таъмини сиҳатии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҷавобгарӣ барои нақзи чорабиниҳои қарантинӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Имтиёзҳо

Дар асоси иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» воридгардида вобаста ба пайомадҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии бемории COVID-19 имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббиву маишӣ аз пардохти намудҳои алоҳидаи андоз дар мӯҳлатҳои муайян озод карда мешаванд.

Соддагардонии барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади осону содда гардондани барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамояд.

Ҳамчунин ин тағйиру иловаҳо боҷи давлатиро барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул бекор мекунанд.

Манбаъ афзуда, ки матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешавад.

1108
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

936
(Таҷдидшуда 13:59 02.07.2020)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз бо кишвардори Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат карда, ҳамтои русашро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсия, табрик намуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ибтидои суҳбат президенти Тоҷикистон Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Русия табрик намуда, таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон дар он, боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ дар Русия пеша кардааст.

Раҳмон ҳамчунин зикр кардааст, ки тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар такони тоза бахшида, ҳатман ба нафъи тамоми шаҳрвандони Русия хизмат хоҳанд кард.

Дар ин зимн, Президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Русия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намудааст.

Манбаъ афзуда, ки президентҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

936
Барчаспҳо:
мулоқот, суҳбати телефонӣ, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин
Хабиб Нурмагомедов

Ҳузури Қодиров дар маросими дафни Абдулманап ва сипосгузории Ҳабиб аз ӯ - навор

0
Маросими дафни Абдулманап Нурмуҳаммадов дар Доғистон бо ҳузури садҳо нафар ва иштироки раисҷумҳур Рамазон Қодиров доир гардида буд

Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук ба Рамазон Қодиров раисҷумҳури Чеченистон барои иштироки ӯ дар маросими дафни падараш изҳори миннатдорӣ кард.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Глава ЧР Рамзан Кадыров вчера ночью, в сопровождении своих ближайших соратников посетил Кироваул РД, что бы почтить память и выразить соболезнования родным и близким Абдулманапа Нурмагомедова. Кадыров отметил, всеобщее уважение, которое имел Абдулманап и его большие заслуги в развитии спорта. Он сказал, что с первых дней были на связи с родственниками и очень надеялись на его скорейшее выздоровление. Хабиб Нурмагомедов поблагодарил Кадырова, за визит и почтение к своему отцу. Также он выразил благодарность за помощь, которую Кадыров оказал в переводе его отца в Московскую клинику и дальнейшее лечении. «Предначертанное Всевышним не изменить, на все его воля! Хвала Аллаху» сказал Хабиб Нурмагомедов. Пусть Аллах простит все его грехи и обрадует раем! #абдулманапнурмагомедов #хабибнурмагомедов #кадыров #кироваул #похороны #соболезнование

Публикация от 🌐НОВОСТНОЙ ПОРТАЛ🌐 (@news095)

Навор аз маросими дафн ва сӯҳбати Ҳабиб бо Қодиров дар Instagram нашр гардидааст.

"Барои ҳамаи кумакҳоятон ба Шумо сипосгузорам. Ташаккури зиёд... Ҳар коре, ки аз дасти мо омад, анҷом додем.... Инро дар хотир нигоҳ доштан бисёр муҳим аст. Бигзор ин як амале бошад, ки халқи моро муттаҳид кунад", - афзудаст Нурмуҳаммадов.

Зимнан, Ҳабиб ба раисҷумҳури Чеченистон барои интиқол додани падараш аз Доғистон ба шаҳри Маскав низ изҳори сипосгузорӣ кард.

Ёдова мешавем, ки падари 58 - солаи Ҳабиб, Абдулманап Нурмуҳаммадов бо гузашти беш аз 2 моҳи маризӣ дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав фавтид.

Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

0
Барчаспҳо:
навор, Маросими дафн ва видоъ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Рамазон Қодиров