Анна Очкина, ҷомеашинос

Коршинос: зан дар парлумони тоҷик нишонаи баробарҳуқуқӣ нест

145
(Таҷдидшуда 20:04 31.01.2017)
Оё занони тоҷик дар сиёсат фаъоланд?

Мувофиқи маълумоти як қатор тадқиқотҳо иштироки ҳақиқии занон дар сиёсат имконпазир аст.

"Сарфи назар аз маҳдудияти расмии фаъолияти зан, дар сатҳи ҷомеа занон на ҳамавақт фаъол мебошанд. Агар мо минтақаҳои дастнораси кишварҳои Осиёи Миёнаро мисол орем, занон дар ҷомеа фаъолтар ба назар  мерасад",- гуфт ба Sputnik Тоҷикистон муовини сардори Институти глобализатсия ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ Анна Очкина.

Ба гуфтаи вай, Русия дар аксар вақт аз ҳисоби иштироки занон дар сиёсат аз кишварҳои Осиёи Миёна ақиб мемонад. Аммо дар мавриди  қонунгузорӣ, дар ин ҷода аз нуқтаи назари иштироки баробар дар идораи давлат дар Тоҷикистон вазъ беҳтар нест.

"Намояндагии бонувон дар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ нишондиҳандаи бештар шудани демократия ё таъсири занон дар ҷомеа нест. Масалан, дар Тоҷикистон парлумон мақомоти расмӣ  аст. Ин масъала на танҳо хоси ин кишвар аст, балки демократияи парлумонӣ дар аксарияти кишварҳо мебошад. Агар мақомоти қонунгузориро суиистеъмол кунанд, пас чаро хамчун занонро ҳамчун ороиш ба парлумон менишинонанд?",- савол мегузорад Очкина.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маърӯзаи Бонки Осиёи рушд дар соли 2016 занон дар пурлумони тоҷик 17,5 фисадро ташкил мекарданд, ки бо ин нишондод дар Осиёи Миёна танҳо аз Туркманистон пешсафанд. Барои муқоиса дар Ӯзбакистон занон 17,5 фисади парлумон ва дар Қирғизистон ҷинси латиф 23 фисади таркиби парлумони кишварро ташкил медиҳад.

145
Барчаспҳо:
сиёсат, парлумон, занон, Тоҷикистон
Свечка, архивное фото

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

1508
(Таҷдидшуда 12:26 30.05.2020)
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори варзидаи тоҷик ва аз номзадҳои собиқи курсии президентӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан даргузашт

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Хабари даргузашти Сайфиддин Тӯраевро, дар ҳукумати шаҳри Истаравшан тасдиқ карданд.

Акбар Маърупов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тӯраев бар асари бемории қалб дар синни 75 солагӣ дар манзилаш даргузашт.

"Вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мебурданд. Имрӯз рӯзашон буд шуд ва дунёро падруд гуфтанд", - гуфт Маърупов.

Сайфиддин Тӯраев, аз элитаҳои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 1990 - ум дониста мешавад. Ӯ ҳамроҳ бо Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва чанде дигар аз сиёсатмадорони вақт аз номзадҳои аввалин интихоботи президентӣ дар соли 1991 ба ҳисоб мераванд, ки шумори аз овози тарафдорони худро ба даст овардаанд.

Тӯраев дар интихоботи соли 1999 бори дигар ҳам номзад баргузида шуд, вале барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ комёб нашуд.

Баъди ин ӯ, аз саҳнаи сиёсат канор рафт ва рӯ ба тиҷорат овард.

Бино ба иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ Сайфиддин Тӯраев, дар соли 1945 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

То солҳои 1986 ба сифати коргари оддӣ, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи шаҳри Ӯротеппа кор кардааст.

Солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-92 – ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст. Бино ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи шаҳри Истаравшан қарор аст, имрӯз маросими хоксупории Тӯрев соати 16:00 баргузор гардад.

1508
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, даргузашт
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

2145
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

2145
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Помощь Эмомали Рахмона для врачей ГБАО

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи пизишкони ВМКБ - аксҳо

0
(Таҷдидшуда 14:08 01.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба табибони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки озуқаворӣ равон кард

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи табибони ВМКБ кумак кард, хабар медиҳад мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят.

Бино ба иттилои манбаъ, кумаки навбатии президент, барои дастгирии намудани табибони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки дар ин рӯзҳои мушкил бо бемории сироятии короновирус ё худ COVID - 19 мубориза бурда истодаанд дастрас гардид.

"Кӯмак аз қабили пиёз, сабзи, картошка, орд, шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буда, тавассути кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят дастраси 166 хонаводаҳои табибон гардид", - омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард - аксҳо

Ёдрас мешавем, ки пештар ҳам президент ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 тонна кумаки иборат аз доруворӣ, либосҳои фардии муҳофизатӣ барои табибон, ниқоб, маҳлулхои безараргардонӣ ва маводи озуқаворӣ кумак карда буд.

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ВМКБ: 45 мошин маводи ғизоию тиббӣ фиристод

0
Барчаспҳо:
пизишкон, кумак, Эмомалӣ Раҳмон, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон