Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон орден тақдим кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВладимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон орден тақдим кард
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон орден тақдим кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мукофоти олии Федератсияи Русия Ордени Александр Невскийро тақдим намуд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бино ба иттилои матбуоти президенти ҶТ зимни мулоқоти хосса президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба раисҷумҳури Тоҷикистон ордени ба номи Александр Невскийро тақдим кард.

Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе расид

Роҳбарони давлатҳо дар оғози вохӯрӣ ҳамдигарро ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия шодбош гуфта, барои идома додани муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва рушди бештари муносибатҳои байнидавлатӣ омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

"Владимир Путин барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушди бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии Федератсияи Русия Ордени Александр Невский сарфароз гардонид".

© Flickr \ Сайт президента РТПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар идомаи суҳбати самимӣ барои таҳкиму тавсеаи бештару хубтари муносибатҳои дӯстонаю стратегии Тоҷикистону Россия дар тамоми соҳаҳои мутақобилан манфиатбор изҳори омодагию ҳавасмандӣ карда шуд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмии комил баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0