Президенти Фаронса Эмомалӣ Раҳмонро муборакбод намуд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти матбуоти президенти ҶТ хабар медиҳад, ки имрӯз президенти Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд ба Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ равон намудааст

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik.Франсуа Олланд дар мактуби хеш қайд намудааст, ки имрӯз ба барқарор гаштани муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Фаронса 25 сол пур мешавад.

Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвари аврупоӣ, Фаронса ҳамеша барои соҳибистиқлолии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд намудаст.

Президент, дар замини Тоҷикистон пазируфта шудани низомиёни ҳавоии фаронсавиро ба хотири ҳимояи Афғонистон махсус қайд намудааст.

Тибқи ахбори манбаъ, Олланд  дар охир умедвор гаштааст, ки муносибати Тоҷикистону Фаронса боз ҳам мустаҳкамтар мешавад.

Лентаи хабарҳо
0