Лякин-Фролов: Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Русия дар Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи вижае дорад

© Фото : Официальная страница Посольства РФ в РТ в FacebookИгорь Лякин-Фролов, архивное фото
Игорь Лякин-Фролов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи вижае дорад ва яке аз ҳамкорони калидии Русия аст

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи вижае дорад ва Душанбе яке аз шарикони калидии Маскав аст.

Сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ин матлабро дар мусоҳибае бо хабаргузории Sputnik Тоҷикистон дар 25-умин солгарди роҳандозии равобити диплумотӣ миёни ду кишвар баён кард.

"Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолаш шарики роҳбурдӣ ва муттаҳиди Русия аст. Вале равобити мардумони ду кишвар фаротар аз ин 25 сол мераванд: Русия ва Тоҷикистонро тарододҳои чандсадсолаи ҳамкориҳои танготанг ва равобити устувори дӯстона бо ҳам пайванд медиҳанд", — гуфт сафир.

Вай ёдоварӣ кард, ки Русия ҳаргиз ёрии худро аз Тоҷикистон дареғ надошта, аз он ҷумла дар душвортарин рӯзҳои торихи кишвар дар канораш будааст. "Асосан бо кӯшишу талошҳои Русия буд, ки оташи ҷанги бародаркушии солҳои 1992 — 1997 дар Тоҷикистон хомӯш карда шуд ва шароит барои барқарории сулҳу ваҳдати пойдор фароҳам оварда шуд", — гуфт вай.

Сафир ҳамчунин афзуд, ки Русия муҳимтарин шарики Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои низомиву фаннӣ аст. Дар ин росто Русия неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро навсозӣ мекунад ва онҳоро ройгон бо ҷангафзорҳои русӣ таъмин мекунад.

"Мо бар ин боварем ки амнияти Тоҷикистон барои кулли Осиёи Марказӣ аҳамият дорад. Дар ин росто нақши муҳими суботбахш дар минтақаро пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон иҷро мекунад, ки бузургтарин неруи низомии кишвар дар хориҷ аз марзҳояш аст", — тавзеҳ дод Лякин-Фролов.

Ӯ бар ин бовар аст, ки ду кишвар бояд бар равобиташон дар заминаи муҳоҷирати корӣ бештар таваҷҷуҳ кунанд. Ҳарсола камубеш як милюн шаҳрвандони Тоҷикистон Русия корҷӯӣ мераванд. Ба гуфти вай, муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар соли 2016 аз Русия ба кишварашон 2 милёрд дулор пул фиристодаанд, ки нисбат ба перорсол 33 дарсад бештар аст.

Сафири Русия ёдоварӣ кард, ки ҳаҷми калоне аз кумакҳои ин кишвар ба Тоҷикистонро Созмони захираҳои федеролии Русия мерасонад. Чунончи, дар се соли ахир Тоҷикистон аз Русия беш аз 100 тон ёрии башардӯстона ба маблағи кулли 7 милюн дулор барои аҳолии минтақаҳои осебдида аз балоҳои табиъӣ дарёфт кардааст.

"Дар ин 25 сол равобити ду кишвар ба дараҷаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ расида ва ҳамчунон бо шитоб густардартар хоҳанд шуд", — афзуд вай.

Ёдоварӣ мекунем, ки Игор Лякин-Фролов 2 августи 2013 ба симати сафири Русия дар Тоҷикистон таъйин шуда буд. Вай дар солҳои 2010 — 2013 сафири вижа ва намояндаи расмии Русия дар Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) буд.

Русия яке аз нахустин кишварҳое буд, ки озодиву худсолории Тоҷикистонро ба расмият шинохта буданд. Оғози марҳилаи ҷадид дар муносиботи ду кишвар имзои Протоколи роҳандозии равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия буд, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд.

Лентаи хабарҳо
0