Пасларзаҳои инфиҷор дар Петербург: дабири кулли нави СПАД таъйин шуд

© Фото : Дафтари расонаии Раисҷумҳури ТоҷикистонСарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар Бишкек, 14.04.2017
Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар Бишкек, 14.04.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дабири кулли СПАД-ро таъйин карданд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, Серж Саргсян, Александр Лукашенко, Нурсултон Назарбоев ва  Алмосбек Отамбоев дар ин нишаст масоъили марбут ба тақвияти ҳамкории кишварҳои узви СПАД дар мубориза бо теруризму ифротгароии байнулмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, табаҳкориҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, чораҳо барои таъмини амнияту суббот дар қаламрави Созмон ва дигар масоъили вобаста ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ карданд.

Сарони кишварҳо аз даҳшатафканиҳое, ки ахиран дар ҷаҳон ва дар кишварҳои узви СПАД сурат гирифтаанд, нигаронӣ карда, теруризмро ба таври қотеъ маҳкум намуданд.

Дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳамчунин вазъи сиёсиву низомии Афғонистон, масоили марбут ба таҳкими марзи ҷанубии кишварҳои узви созмон бо Афғонистон ва вазъи кунуниву дурнамои ҳамкориҳои низомӣӣ ва фанниву низомии кишварҳо баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин Юрий Хачатуров ба симати дабири кулли СПАД интихоб шуд. Сарони кишварҳо аз Николай Бордюжа барои заҳматҳояш дар роҳи таҳкими ҳамгироии кишварҳои узви СПАД сипосгузорӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0