Муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон

Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон”: Аслов оромии Афғонистонро масъалаи рӯз гуфт

48
(Таҷдидшуда 19:26 02.05.2017)
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Шашумин нишасти вазирони умури хориҷа дар чорчӯби гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон", ки дар шаҳри Ишқобод баргузор шуд, суханронӣ карда, аз мусоидат ба рушди субот дар Афғонистон пуштибонӣ кард

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон натиҷаҳои раёсати Туркманистонро дар ин чорчӯби гуфтугӯи "Осиёи Марказӣ+Ҷопон" баррасӣ намуда, самтҳои нави ҳамкориҳои минтақаиро мушаххас карданд.

Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати умури хориҷаи ҶТ, Сироҷиддин Аслов дар суханронии худ дар ин нишаст бар аҳамияти тавсеъаи ҳамкориҳои созандаи дуҷониба ва минтақаӣ ва зарурати истифодаи густурда аз иқтидори кишварҳои Гуфтугӯкунанда ҷиҳати таҳкими робитаҳо дар заминаҳои иқтисоду тиҷорат, энержӣ, кишоварзӣ, фарҳангиву башарӣ, таробарӣ ва дигар соҳаҳоро унсурҳои калидӣ хонд.

"Аслов дохил кардани масъалаҳои мубориза бо теруризм, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба рушди оромии Афғонистонпро ба рӯзномаи Гуфтугӯ пешниҳод кард", — омадааст дар хабаре, ВУХ ҶТ мунташир кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Шри-Ланка
© Flickr / официальная страница пресс-службы президента РТ

Дар паи нишасти вазирони корҳои хориҷа дар чорчӯби Гуфтугӯи "Осиёи Марказӣ+Япония" Баёнияи муштарак ба имзо расид ва Нақшаи роҳ барои ҳамкории минтақаӣ дар заминаҳои таробарӣ ва лоҷистик тасвиб карда шуд.

Ҳамчунин қарор шудааст, ки дар солҳои 2017-2018 Тоҷикистон раёсати ин Гуфтугӯро ба уҳда дошта бошад. Ҳафтумин нишасти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон низ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Мулоқоти Аслов  бо вазири Ҷопон ва Туркманистон

Бино ба иттилои манбаъ, дар дидори Аслов ва Фумио Кисида густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд.

"Сироҷиддин Аслов ва Фумио Кисида алоқамандии мутақобилро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, саноатӣ, энергетикӣ ва фарҳангию башарӣ баён намуданд".

1 / 2
Сироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон



Дар суҳбат  бо Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию башариро ба баррасӣ гирифтаанд.

48
Барчаспҳо:
"Осиёи Марказӣ+Ҷопон", муколама, ВУХ-и Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, Ишқобод, Туркманистон
Мавзуъ
Сироҷиддин Аслов ҳамкориҳои минтақавиро бо Залмай Юнусӣ баррасӣ кард
Сироҷиддин Аслов бо вазирони ВКХ СПАД амниятро муҳокима мекунад
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл в Душанбе

Миннатдории Раҳмон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар давраи ҳамагирӣ

170
(Таҷдидшуда 20:04 29.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз ҳукумати кишвари ҳамсоя барои кумак, изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиботи  раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки ҷаласаи навбатии он имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки натиҷаҳои кори Комиссия, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳанд кард.

Президент хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон қайд карда, аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баландро барои пайгирона мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид кардааст.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, Президент аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.

Бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистанд.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шудаанд.

170
Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Абдулло Орипов, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл с рабочим визитом в Кыргызстан

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов вориди Душанбе шуд

450
Роҳбари ҳайати Ӯзбекистон Абдулло Ариповро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини сарвазир Давлатшо Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сарвазир Абдулло Орипов барои иштирок дар ҳафтумин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ вориди Душанбе шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари ҳайати Ӯзбекистонро муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт.

Масъалаи асосии музокироти сарони ҳукуматҳо Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ифтитоҳи марзҳо ва азсаргирии парвозҳо байни ду кишвар хоҳад буд.

Инчунин, ҷонибҳо дар доираи мулоқот тасмим доранд, ки масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, кишоварзию об ва фарҳангро баррасӣ кунанд.

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

Ғайр аз он, дар доираи сафари намояндагони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон, инчунин форуми соҳибкорон, ки дар он тоҷирони ӯзбеку тоҷик ширкат мекунанд, баргузор мегардад.

450
Барчаспҳо:
Абдулло Орипов, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

0
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳансолтарин ҳокими араб, амири Кувайт Сабоҳи IV дар синни 92-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шудааст.

Аз он вақт инҷониб, мақомоти Кувайт борҳо гузориш додаанд, ки саломатии Сабоҳи IV мӯътадил буда дар ҳоли беҳбуд аст.

Ҳамзамон, бародари хурди Сабоҳи IV ва шоҳзодаи валиаҳд Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи амир таъин гардида буд.

Тибқи иттилои ҳукумат, амири нав валиаҳд Наваф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷойгузини Сабоҳи IV шудааст.

Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сар аз моҳи январи соли 2006 дар Қувайт ҳукмронӣ мекард.

Қабл аз он, ӯ ба ҳайси сарвазир кор мекард ва пештар аз он тӯли даҳсолаҳо раёсати сиёсати хориҷии кишварро ба зима дошт.

0
Барчаспҳо:
шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ, даргузашт, Қувайт