Оғози сафари расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон 10.05.2016

Ашраф Ғанӣ аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард бо сафаре расмӣ аз Афғонистон боздид кунад

84
(Таҷдидшуда 14:01 06.05.2017)
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар гуфтугӯе телефонӣ авзоъ дар шимоли он кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Сарони ду кишвар дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки 5 май баргузор шуда, вазъу дурнамои равобити гуногунҷанбаи ду кишварро баррасӣ карда ва бар ҳамоҳангсозии кӯшишу талошҳо барои рушду густариши онҳо таъкид карданд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ ҳамчунин масоъили мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла вазъи ноороми Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимоли онро низ баррасӣ карданд.

Дар ин робита ҷонибҳо дар мавзуъи ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ-фаннӣ, аз ҷумла дар заминаи мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир — теруризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти марзҳо табодули афкор карданд.

Тарафҳо таъкид карданд, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умдаву асосии саъю талошҳоест, ки дар ин замина анҷом дода мешаванд. Роҳбарони ду кишвари ҳамсоя ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт муштаракан иқдомоти муассирро роҳандозӣ намоянд.

Раҳбари Тоҷикистон истиқрори вазъиятро дар Афғонистон омили амнияти тамоми минтақа дониста, пайгирии ҳамарӯзаи вазъи ин кишвари дӯст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба расонидани кумаку мусоидати ҳамаҷониба ба давлату мардуми бародари Афғонистон ҷиҳати расидан ба ормонҳои сулҳу субот бо роҳи решакан кардани теруризму ифротгароӣ ва таъмини ваҳдату оштии миллӣ таъкид кард.

Раисҷумҳури Афғонистон дар навбати худ аз ҳамтои тоҷики худ барои ёриву пуштибонии амниятиву иқтисодӣ аз Афғонистон, ва бавижа барои фароҳам овардани шароити муносиб барои дармони афсарону сарбозони Афғонистон дар бемористонҳои Тоҷикистон сидқан сипосгузорӣ кард.

Дар хотимаи суҳбат Ашраф Ғанӣ аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард дар замоне муносиб бо дидори расмӣ аз Афғонистон дидан кунад. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки замони баргузории сафари расмӣ бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.

84
Барчаспҳо:
даъвати расмӣ, гуфтугӯи телефонӣ, Ашраф Ғанӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Бадахшони Афғонистон, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон”: Аслов оромии Афғонистонро масъалаи рӯз гуфт
Толибон як пойгоҳи артиши Афғонистонро дар Балх торумор кард
Инфиҷор дар Афғонистон: сарбозон маҳалли таркишро аз назар мегузаронанд
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл в Душанбе

Миннатдории Раҳмон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар давраи ҳамагирӣ

171
(Таҷдидшуда 20:04 29.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз ҳукумати кишвари ҳамсоя барои кумак, изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиботи  раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки ҷаласаи навбатии он имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки натиҷаҳои кори Комиссия, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳанд кард.

Президент хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон қайд карда, аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баландро барои пайгирона мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид кардааст.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, Президент аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.

Бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистанд.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шудаанд.

171
Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Абдулло Орипов, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл с рабочим визитом в Кыргызстан

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов вориди Душанбе шуд

451
Роҳбари ҳайати Ӯзбекистон Абдулло Ариповро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини сарвазир Давлатшо Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сарвазир Абдулло Орипов барои иштирок дар ҳафтумин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ вориди Душанбе шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари ҳайати Ӯзбекистонро муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт.

Масъалаи асосии музокироти сарони ҳукуматҳо Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ифтитоҳи марзҳо ва азсаргирии парвозҳо байни ду кишвар хоҳад буд.

Инчунин, ҷонибҳо дар доираи мулоқот тасмим доранд, ки масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, кишоварзию об ва фарҳангро баррасӣ кунанд.

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

Ғайр аз он, дар доираи сафари намояндагони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон, инчунин форуми соҳибкорон, ки дар он тоҷирони ӯзбеку тоҷик ширкат мекунанд, баргузор мегардад.

451
Барчаспҳо:
Абдулло Орипов, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

0
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳансолтарин ҳокими араб, амири Кувайт Сабоҳи IV дар синни 92-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шудааст.

Аз он вақт инҷониб, мақомоти Кувайт борҳо гузориш додаанд, ки саломатии Сабоҳи IV мӯътадил буда дар ҳоли беҳбуд аст.

Ҳамзамон, бародари хурди Сабоҳи IV ва шоҳзодаи валиаҳд Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи амир таъин гардида буд.

Тибқи иттилои ҳукумат, амири нав валиаҳд Наваф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷойгузини Сабоҳи IV шудааст.

Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сар аз моҳи январи соли 2006 дар Қувайт ҳукмронӣ мекард.

Қабл аз он, ӯ ба ҳайси сарвазир кор мекард ва пештар аз он тӯли даҳсолаҳо раёсати сиёсати хориҷии кишварро ба зима дошт.

0
Барчаспҳо:
шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ, даргузашт, Қувайт