Муҳаммадҷавод Зариф. Акс аз бойгонӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон бо раҳбарони Афғонистон дидор мекунад

28
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф ба даъвати расмии ҳамтои афғонистонияш Салоҳиддин Раббонӣ ба Кобул меравад

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ба даъвати расмии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ фардо бо ҳайъати баландпояи сиёсӣ ба Кобул меравад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Баҳром Қосимӣ бо эълом ин хабар дар нишасти расонаӣ ҳамчунин афзуд:

"Зариф дар ин сафар афзун бар дидор бо ҳамтои афғонистонияш Салоҳидин Раббонӣ, бо раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси иҷроии давлати Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва бархе дигар аз мақомоти баландпояи он кишвар мулоқот мекунад".

Қарор аст дар ин сафар дар бораи паҳлӯҳои гуногуни равобити дуҷониба ва чигунагии иртиқоъи сатҳи муносиботи ду кишвар ва ҳамчунин охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ низ гуфтугӯву ройзанӣ сурат бипазирад.  

28
Барчаспҳо:
ройзанӣ, вазорати умури хориҷа, Салоҳиддин Раббонӣ, Муҳаммадҷавод Зариф, Афғонистон, Эрон
Мавзуъ
Сафорати Эрон дар Душанбе далели нарафтани Зариф ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод
Сергей Лавров: акнун Эрон низ метавонад ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бипайвандад