Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Доғистон

Дидори Раҳмон бо Абдулатипов: доғистониҳо тоҷиконро забонӣ русӣ ёд медиҳанд

159
(Таҷдидшуда 21:08 10.05.2017)
Нимаи дуюми рӯзи 10 майи соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Доғистон Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Рамазон Абдулатипов барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд дода, сафари ӯро, ки ба рӯзҳои таҷлили 25 — солагии барқароршавии муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Русия рост меояд, таконбахши рушди равобити ҳасана дар замону арсаҳои нав, арзёбӣ кард.

Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Таъкид гардид, ки Русия ҳамчун шарики стратегӣ дар савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад ва саҳми он дар гардиши моли кишвари мо наздики 30 фоизро ташкил медиҳад.

Дар мулоқот имконияти иштироки ҷониби Доғистон дар пешрафти соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, ҷалби ширкатҳо барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин ба манфиати ҳарду ҷониб баҳрабардорӣ намудан аз канданиҳои фоиданоки  Тоҷикистон, муҳокима карда шуд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ, маориф, табодули омӯзгорони забони русӣ, дастрасӣ ба маводи таълимӣ, инчунин сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар маънидод гардид.

159
Барчаспҳо:
мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон Ҳошим Гадоевро “Арбоби ҳунари Тоҷикистон” унвон дод
Супориши раисҷумҳур: хариди сарфаҷӯёна ва омодасозии манзил барои муҳоҷирон
Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Неругоҳи барқӣ обии Роғун
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Имтиёзҳои замони COVID - 19 ва ҷавобгарӣ барои нақзи "карантин": Раҳмон 22 қонун имзо кард

1150
(Таҷдидшуда 14:34 04.07.2020)
Имрӯз, 4 июл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расонда шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якқатор қонунҳоро имзо кард. Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, қонунҳои баимзорасида ба дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқии ройгон, пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва таъмини сиҳатии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҷавобгарӣ барои нақзи чорабиниҳои қарантинӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Имтиёзҳо

Дар асоси иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» воридгардида вобаста ба пайомадҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии бемории COVID-19 имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббиву маишӣ аз пардохти намудҳои алоҳидаи андоз дар мӯҳлатҳои муайян озод карда мешаванд.

Соддагардонии барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади осону содда гардондани барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамояд.

Ҳамчунин ин тағйиру иловаҳо боҷи давлатиро барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул бекор мекунанд.

Манбаъ афзуда, ки матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешавад.

1150
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

939
(Таҷдидшуда 13:59 02.07.2020)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз бо кишвардори Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат карда, ҳамтои русашро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсия, табрик намуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ибтидои суҳбат президенти Тоҷикистон Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Русия табрик намуда, таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон дар он, боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ дар Русия пеша кардааст.

Раҳмон ҳамчунин зикр кардааст, ки тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар такони тоза бахшида, ҳатман ба нафъи тамоми шаҳрвандони Русия хизмат хоҳанд кард.

Дар ин зимн, Президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Русия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намудааст.

Манбаъ афзуда, ки президентҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

939
Барчаспҳо:
мулоқот, суҳбати телефонӣ, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин
Арест, архивное фото

Боздошти силоҳфурӯш ҳангоми амалиёти корд дар Душанбе

52
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 25-сола, ки ба фурӯши силоҳи сард дар Душанбе машғул будааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти шартии “Корд” сокини  кӯчаи Наврӯзи пойтахт Слезен Дидор Сорбоновичи 25-соларо, ки  ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла корд машғул будааст, дастгир карданд. 

Тибқи иттилои манбаъ, дастгиршуда паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян шуда, онҳоро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ба фурӯш мегузоштааст. 

Гуфта шудааст, ки ҳангоми як амалиёт аз ин ҷавони 25 сола миқдори зиёди силоҳи сард истифдашванда, аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус (финка) дарёфту мусодира карда шуданд.

ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи силоҳ”  дар қаламрави Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба  шаҳрванд Слезан Дидор  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  бо қарори  Суд ба номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

52
Барчаспҳо:
корд, амалиёт, Душанбе, силоҳ, боздошт, Тоҷикистон