Шаҳри Қурғонтеппа. Акс аз бойгонӣ

Абдуалим Исмоилзода шаҳрдори нави Қӯрғонтеппа шуд

312
(Таҷдидшуда 13:38 30.05.2017)
Акнун вазифаи шаҳрдори Қӯрғонтеппаро Абдуалим Исмоилзода, раиси пешини ноҳияи Шаҳритус, бар дӯш дорад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Амирулло Асадулло — шаҳрдори Қӯрғонтеппа аз симаташ озод гардид.

Бино ба иттилоъи расонаҳои Тоҷикистон, раиси маркази вилояти Хатлон ба далели гузаштан ба кори дигар аз симати шаҳрдорӣ барканор шудааст.

Ба гуфти раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода, қарор дар бораи аз кор озод гардидани шаҳрдори Қурғонтеппа имрӯз аз тарафи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд.

Шаҳрдори ҷадиди Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода қаблан раиси ноҳияи Шаҳритус буд. Ӯ имрӯз дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба намояндагони мардум муаррифӣ шуд.

312
Барчаспҳо:
вазифаи нав, шаҳрдорӣ, Амирулло Асадулло, Абдуалим Исмоилзода, Қурғонтеппа, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар шаҳри Қурғонтеппа пойгоҳи нави Русия сохта мешавад
Аз Шекспир то Диккенс: шаҳрванди Британия ба Қурғонтеппа 30 ҳазор китоб овард
Сокинони Қурғонтеппа курсҳои Маркази омӯзишии муҳоҷиратро хатм карданд