Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Мулоқоти Раҳмон бо Си Ҷинпин: кишвардори Тоҷикистон ба Чин даъват шуд

111
(Таҷдидшуда 10:04 09.06.2017)
Дар ҳошияи баргузории Иҷлосияи навбатии Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар шаҳри Остона раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои мунисбатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чин дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҳкими муносибатҳои стратегию шарикиро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Ба рушду тавсеи бештари ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бештар мароқ зоҳир карда, ҷонибҳо таъкид бар он доштанд, ки ҳарду давлат дар роҳи таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои мазкур тадбирҳои зиёду муассир анҷом додаанд.

Барои тақвияти ҳамгироӣ дар соҳаи низоми бонкию молиявӣ ва саҳмгузорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббиӣ дар Тоҷикистон, мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторию нақлиётӣ, аз ҷумла таъсиси камарбанди иқтисодӣ дар атрофи Роҳи бузурги абрешим, оғози сохтмони қисматии Тоҷикистонии лӯлаи гази минтақавии Чин-Осиёи Марказӣ ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамдастии байнидавлатӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияту субботи сартосарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ шуд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки дар наздиктарин фурсат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварад.

111
Барчаспҳо:
даъват, мулоқот, Си Ҷинпин, Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон