Ҷаласаи Кумитаи амниятии СПАД дар Минск

Аслов бо вазирони СПАД масоили сиёсӣ ва амниятро баррасӣ кард

33
(Таҷдидшуда 09:49 18.07.2017)
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Минск ширкат кард

ДУШАНБЕ, 18 июл- Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКХ ҶТ, дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои аъзои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо оид ба масъалаҳои амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкории мутақобилаи давлатҳои аъзои СПАД дар арсаи байнулмилалӣ мубодилаи афкор намудаанд.

Онҳо нақшаи машваратҳоро оид ба масъалаҳои амният ва мудофиа, масъалаҳои марбут ба амалисозии теъдоди созишномаҳо дар доираи СААД ва дигар масоили дорои хусусияти сиёсиву ташкилиро баррасӣ кардаанд.

Вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин як қатор масъалаҳои ба баррасии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД пешниҳодшавандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

33
Барчаспҳо:
амният, баррасӣ, СПАД, Сироҷиддин Аслов, Минск
Мавзуъ
Нишасти Кумитаи низомии СПАД дар Минск оғоз ба кор кард
Пасларзаҳои инфиҷор дар Петербург: дабири кулли нави СПАД таъйин шуд
Эмомалӣ Раҳмон барои мулоқот бо сарони СПАД ба Бишкек сафар кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сарони кишварҳои узви СПАД мулоқот хоҳад кард