Чин бо таҳримҳои Амрико бар Русияву Эрону Куреи Шимолӣ шадидан мухолифат кард

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Шанхай
Города мира. Шанхай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Чин дар баёнияе ба шиддат бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико бар зиёни Русия, Эрон ва Куреи Шимолӣ мухолифат кард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. ВУХ Ҷумҳурии Халқи Чин дар баёнияе мухолифати шадиди худро бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико, аз ҷумла таҳримҳое, ки ахиран дар Вашингтон бар зиёни Русия, Эрон ва Куреи Шимолӣ тасвибу имзо шудаанд, эълом кард. 

Дар ин баёния Пекин ёдоварӣ карда, ки ҳамеша бо корбурди таҳримҳои якҷониба бар зиёни ҳар кишваре мухолиф аст ва боварманд аст, ки муноқишаҳои байналмилалӣ миёни кишварҳо бояд бар пояи арҷгузории дусӯя ва равишҳои муносиб ва бо гуфтугӯи мунсифона ҳаллу фасл шаванд.

Сухангӯи ВУХ Чин низ пеш аз ин мухолифати Пекинро бо ин таҳримҳо эълом карда буд.

Маскав, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба таҳримҳои ИМА ҷавоб дод

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп 2 август тарҳи ҷомеъи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида бар зиёни Куреи Шимолӣ, Эрон ва Русияро, ки дар Маҷлиси намояндагони ва Сенати Амрико тасвиб шуда буданд, имзо гузошта ва онро табдил ба қонун кард.

Русия ва Эрон низ пеш аз ин шадидан бо ин таҳримҳо мухолифат карда буданд ва таъкид карданд, ки ба он вокуниш хоҳанд кард. Дар ҳамин росто Русия 755 корманди сафорати Амрикоиро аз кишвар хориҷ кард.     

Лентаи хабарҳо
0