Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: сафирҳои ҶТ дар Австрия, Қатар ва Озарбойҷон иваз шуданд

320
(Таҷдидшуда 17:18 07.08.2017)
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд фармон бархе аз сафирҳои кишварро аз симат барканор ва дипломатҳои дигареро ҷойгузинашон кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Раёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармоне Исматулло Насрединовро ба сабаби гузаштан ба кори дигар аз симати сафири Тоҷикистон дар Австрия озод кардааст. Насреддинов ҳамчунин аз симати Намояндаи доими ҶТ дар Созмони амнияту ҳамкории Урупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Вена, пойтахти Австрия ҷой доранд, ҳамчунин сафири ҶТ дар Италия, Словакия ва Маҷористон низ озод шудааст.

Раисҷумҳур бо фармони дигаре Идибек Қаландарро ба симати сафири фавқулодаву мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия мансуб кардааст.

Ҳамчунин Хисрав Соҳибзода бо фармоне ҷойгузини Ардашер Қодирӣ дар симати сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар шудааст. Иллати аз вазифа озод шудани Қодирӣ низ "ба кори дигар гузаштан" гуфта шудааст.

Ба ҳамин иллат Зоҳир Саидов низ аз симати сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон озод шудааст. Раисҷумҳур бо фармоне дигар Рустам Солиро сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таъйин кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо имзои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Ҷумъазодаро аз симати сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда ва Заробиддин Файзуллозодаро ба ин симат мансуб кардааст.

320
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Австрия-Қатар-Озарбойҷон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (91)
Мавзуъ
Тағйироти кадрӣ: Мирзошариф Ҷалолов сафири ҶТ дар Бангладеш таъйин шуд
Тағйироти кадрӣ: раиси додгоҳи ВМКБ аз вазифа озод шуд
Тағйироти кадрӣ: Э.Раҳмон раиси додгоҳи Зафарободро аз вазифа озод кард
Тағйироти кадрӣ: аз барканорӣ дар Кумитаи варзиш то таъйинот дар Кумитаи гардишгарӣ
Тағйироти кадрӣ: собиқ раиси Исфара муовини раиси Спитамен таъин шуд
Тағйироти кадрӣ дар вилояти Суғд: роҳбари дастгоҳи раиси вилоят иваз шуд
Пустое кресло

Маъмурияти дипломатии сафири Итолиё дар Тоҷикистон ба анҷом расид

48
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ба Андреа Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкории дуҷониба миннатдорӣ баён намуд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Маъмурияти дипломатии сафири Итолиё дар Тоҷикистон ба анҷом расид, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафир мулоқот кардааст.

"Мулоқоти видеоии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд Андреа Бертотсӣ бино бар ба поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш барпо гардид", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, Музаффар Ҳусейнзода ба Андреа Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкории дуҷониба миннатдорӣ баён намуд.

Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо инчунин аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва баландро, пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари вобаста ба ҳамагирӣ таъкид карданд.

 

 

 

48
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Занги Эмомалӣ Раҳмон ба Назарбоев: 80-солагӣ муборак

128
Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Имрӯз, 6 июл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якумин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Дар ҷараёни суҳбат кишвардори Тоҷикистон якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо рӯйдоди муҳим – 80–солагии зодрӯзаш самимона табрик карда, таманниёти неки худро ба соҳибҷашн иброз намуд", - менависад котиботи раисҷумҳур.

Раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти самарабахши солҳои тулонии Нурсултон Назарбоевро дар маснади Президенти Қазоқистони дӯст бахусус зикр кардааст.

Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон унвонии якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

128
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото

Аз 10 бозӣ маҳрум то 1000 сомон ҷарима: ҷазои мураббии “Душанбе-83” барои таҳқири доварон

0
Се намояндаи дастаи футболи пойтахт аз чанд бозӣ маҳрум ва ба ҷарима кашида шуданд: ҳамаи онҳо ба доварон ҳамчун «суханони сахт» сухан гуфтанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Кумитаи назорат ва одоби ФФТ дар ҷаласаи ахири хеш масъулини дастаи  “Душанбе-83”-ро ҷармаҳои калон ва аз иштирок дар бозиҳо маҳрум кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон,  сармураббии даста Мирзобек Мирзоев барои даҳ бозӣ маҳрум карда шуд ва барои таҳқири ҳайати доварон дар ин бозӣ ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Эҳтимол, дар ин раванд ноиби президенти дастаи “Душанбе-83” Абдураҳим Мирзозода низ ба ӯ ҳамроҳ шуд. Барои таҳқири доварон, ӯ низ аз панҷ бозӣ маҳрум ва ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Инчунин иштирокчии дигари муноқишаи лафзӣ бозигари даста Далер Имомназаров барои алфози қабеҳу таҳқиромез нисбат ба ҳайати расмии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ, аз ду бозӣ маҳруму 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Душанбе-83” ва “Истаравшан” рӯзи 4 июл дар Варзишгоҳи марказии Ваҳдат баргузор шуда, ҳисоби ниҳоӣ 3:3 мусовӣ шуд.

0