Қабули эътимоднома аз раҳбари нави UNICEF

Роҳбари нави UNICEF ба вазири умури хориҷаи ҶТ эътимоднома супурд

25
(Таҷдидшуда 16:05 16.08.2017)
Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини эътимодномаи худро ба вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов эътимоднома супурд ба ҳузур пазируфт.

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ, рӯзи 15 август вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов роҳбари тозатаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон Лучиано Калестиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат тарафҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNICEF, татбиқи лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Манбаъ меафзояд, ки ҳамчунин сиёсатмадорон ба татбиқи Барномаи нави кишварии UNICEF барои солҳои 2016-2020 дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Дар ин дидор Роҳбари нави Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

25
Барчаспҳо:
эътимоднома, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Супориши Сироҷиддин Аслов ҷиҳати сафарҳои расмии Эмомалӣ Раҳмон
Сироҷиддин Аслов бо Сафири Британияи Кабир мулоқот кард
Охирин дидори Сироҷиддин Аслов бо сафири Олмон