Президент РТ Эмомали Рахмон с председателем КНР Си Цзиньпин

Дастовардҳои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин: 13 қарордоди ҳамкорӣ

131
(Таҷдидшуда 20:43 31.08.2017)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқи Чин ҳамкории роҳбурдии ҳамаҷониба роҳандозӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Халқи Чин Си Ҷинпин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари расмӣ дар Пекин қарор дорад, имрӯз дар майдони Тянанмэн расман пешвоз гирифт.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раёсати ҶТ, маросими пешвози расмӣ бо сафороии ягонҳои гурдони ифтихорӣ, садо додани Сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузор аз назди радаҳои афсарону сарбозон ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Халқи Чин ва бо шиносоии сарони кишварҳо бо ҳайъатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Ба муносибати сафари давлатии раҳбари Тоҷикистон тибқи муқаррароти пешвози расмӣ тӯпхонаҳо 21 бор шиллик карданд.

Сипас сарони ду кишвар масоили ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд ва пасон музокироти сатҳи олӣ бо ширкати ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Чин баргузор шуданд.

Дар паи ин мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз қарори зер аст:

Эъломияи муштарак дар бораи истиқрори ҳамкории роҳбурдии ҳамаҷониба миёни Тоҷикистону Чин;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Чин дар мавзуъи пешбурди муштараки бунёди парки намунавии ҳамкориҳои кишоварзӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати бозаргонии Чин барои рушди ҳамкорӣ дар заминаи захоири корӣ;

Созишнома миёни Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон ва Вазорати бозаргонии Чин дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар заминаҳои зерсохторӣ;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи фаъолияти ҳисобрасӣ дар бахши давлатӣ миёни Утоқи муҳосиботи Тоҷикистон ва Раёсати ҳисобрасии миллии Чин;

Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Чин дар бораи ҳамкориҳои фанниву иқтисодӣ дар заминаи ихтисоси кумакҳои бебозгашт;

Созишномаи қолабӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Чин дар бораи ихтисоси қарзи имтиёзнок (барои тарҳи сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ);

Ёддошти тафоҳум миёни Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Вазорати илму фанни Чин барои роҳандозии Комисюни ҳамкориҳои илмиву фаннии Тоҷикистон ва Чин;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи моликияти зеҳнӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Чин;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни хабаргузории тоҷикии "Ховар" ва хабаргузории чинии "Синхуа";

Созишномаи роҳандозии муносибатҳои бародарона миёни вилояти Хатлон ва устони Шансӣ;

Суратҷаласа дар бораи нияти роҳандозии муносиботи бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Тайюан дар устони Шансии Чин.

131
Барчаспҳо:
ҳамкориҳои роҳбурдӣ, Си Ҷинпин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Чин
Мавзуҳо:
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин (16)
Мавзуъ
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси намояндагони мардумии Чин
Пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Пекин