Дидори ҳайъати Тоҷикистону Чин

Таъмини амният: Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳамтоёни чинияш мулоқот кард

40
(Таҷдидшуда 15:07 22.09.2017)
Муовини аввали вазири умури хориҷаи ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ бо намояндагони сохторҳои гуногуни давлатии Чин мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ ҶТ, дар ин дидор ҷонибҳо аз натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ёдовар шуданд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки сафари раисҷумҳур Раҳмон марҳилаи наве дар равобити Тоҷикистону Чинро оғоз бахшидааст.

Тарафҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энержӣ ва таъмини амният дар чорчӯби тарҳи "Як камарбанд, як роҳ"-ро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин гуфта шуда, ки сафари раисҷумҳур барои беҳбуди кайфият ва сатҳи равобити роҳбурдии ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои гуногунҷанба имконоти густардае фароҳам овардааст.

Дар ин росто ҷонибҳо барои татбиқи қарордодҳои миёни ду кишвар изҳори омодагӣ кардаанд.

40