Мизи гирд дар ВМКБ. Дастури вазири адлия ба раисони ВМКБ

Дастури вазир ба раисони ВМКБ: фаъолиятро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монед

343
(Таҷдидшуда 16:33 24.09.2017)
Дар меҳмонхонаи "Серена" Хоруғ вохӯрии Шӯрои вилоятии мутобиқатсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар мавзӯи "Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат" мизи гирд баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, дар ин ҷаласа раиси вилояти мухтори Кғҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, вазири додгустарӣ Рустам Шоҳмурод, мушовири раисҷумҳур оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Соҳибназар Дилбар ва раисони шаҳру навоҳии ВМКБ ширкат кардаанд.  

Ба иттиоъи манбаъ, Шодихон Ҷамшед баргузории чунин як чорабиниро иқдоми саривақтие барои тақвияти фаъолияти Шӯрои мутобиқатсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон арзёбӣ карда ва гуфтааст ки зимни расондани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бояд ҳар як ҷузъиёти афроди муроҷиаткунанда воқеъбинона санҷида шуда, ёрии беғаразонаи ҳуқуқӣ расонида шавад.

Мулоқоти раиси ВМКБ бо вазири додгустарии Тоҷикистон
© Фото : Аз саҳифаи фейсбукии Нилуфар Асламшоева

"Рустам Шоҳмурод вазири аддлияи Тоҷикистон ба раисони шаҳру нохияхои вилоят дастур додааст, то фаъолияти шӯроро дар шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд", — омадааст дар хабарнома.

Мушовири раисҷумҳур оид ба масъалаҳои ҳуқуқи Соҳибназар Дилбар ҳамоишро аз қадамҳои устуворе дар самти амалисозии сиёсати дарҳои кушод дар кишвар хонда, онро заминаи мусоиде барои таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон гуфтааст.

343
Барчаспҳо:
мизи гирд, Рустам Шоҳмурод, Шодихон Ҷамшед, ВМКБ
Тегеран, архивное фото

Эҳзори кордори сафорати Фаронса ба Вазорати умури хориҷии Эрон

216
(Таҷдидшуда 21:54 27.10.2020)
Дар эътироз ба исрори мақомоти фаронсавӣ ба ҳимоят аз интишори карикатураҳои иҳонатомез ба соҳати паёмбари Ислом кордори муваққати Фаронса дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Флурон Ойдолу, кордори муваққати Сафорати Фаронса дар Теҳрон дар ғиёби сафири ин кишвар ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд то эътирози Эрон ба рафтори ахири мақомоти фаронсавӣ дар ҳимоят аз иҳонаткунандагон ба муқаддасоти исломӣ ба вай расонда шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, муовини мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо кордори муваққати Фаронса иқдомоти ғайри қобили қабули мақомоти фаронсавиро, ки муҷиби ҷариҳадор шудани эҳсосоти миллионҳо мусулмон дар Аврупо ва ҷаҳон шудааст маҳкум ва таъкид кард: Ҳаргуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари ислом (с) ва арзишҳои ноби исломӣ аз сӯи ҳар фарду дар ҳар мақоме ба шиддат маҳкум ва мардуд аст.

“Вокуниши нобихирадонаи мақомоти фаронсавӣ ба иқдоми ифротгароёнае, ки ба номи ислом хушунат мекунанд, танҳо заминаро барои рушди гароишҳои инҳирофӣ ва беиртибот бо ин дини илоҳӣ, ки ҳамвора навидбахши ақлгароӣ, сулҳу адолатталабӣ аст, фароҳам мекунад”, - изҳор доштаст дипломати Эрон.

Манбаъ афзуд, мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон афзудааст, доман задан ба исломҳаросӣ ва нафратпароканӣ он ҳам ба номи озодии баён, ки бояд дар хизмати тафоҳум, ҳамдилӣ ва ҳамзистии мусолиматомез миёни ҷомеъаҳои башарӣ бошад, амиқан мояи таассуф аст.

Флурон Ойдолу- кордори муваққати Сафорати Фаронса дар Теҳрон низ гуфт: Эътирози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдомоти давлати Фаронса дар ин хусусро дар асраъи вақт ба мақомоти кишвараш инъикос медиҳад.

Нашрияи фаронсавии Чарлӣ‌ Эбдо ба тозагӣ бори дигар иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи паёмбари ислом (с) кардааст.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ эълом кардаст, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳо идома хоҳад дод.

216
Барчаспҳо:
дин, Фаронса, Эрон, Эрон

Лавров оид ба таҳримоти ИА дар робита ба Навалний алайҳи Русия: беҷавоб нахоҳад монд

98
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, таҳримҳое, ки Олмон ва Фаронса дар робита ао ҳодисаи Алексей Навалний оғоз кардаанд, нишон медиҳанд, ки Ииттиҳоди Аврупо ба қадри кофӣ баҳо дода наметавонад.

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. 15 октябр Брюссел алайҳи шаш русиягӣ ва як пажӯҳишгоҳи илмӣ маҳдудият ҷорӣ кард ва Маскав ваъдаи вокуниши баръаксро кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Лавров "радди мағрурона" -и Берлинро аз посух додан ба дархостҳои сершумори Додситонии кулли Русия дар бораи Навалний ёдовар шуд.

Ба гуфтаи дипломат, ин ӯҳдадориҳои Олмонро дар назди Конвенсияи Аврупо оид ба кӯмаки мутақобила дар масъалаҳои ҷиноӣ вайрон мекунад.

“Ба ҷои эҳтиром ба ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ, намояндагони Олмон ва Фаронса як ташаббуси дигари таҳримҳои ғайриқонунии ИА алайҳи шаҳрвандони Русияро оғоз карданд.  Ҳамаи ин таассуфовар аст ва ба таври равшан нишон медиҳад, ки <...> талоши (Брюссел. – аз идора.) худро берун аз қонун гузоштан аст-”, - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи Хорватии “Вечерный Лист”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои зиддируссии ҳамкасбони ғарбӣ, ки дипломатияро фаромӯш кардаанд ва ба сатҳи дағалии ғайриоддӣ расидаанд, дар Маскав беҷавоб нахоҳанд монд.

Александр Сабаев: ташхиси Навалний дар бораи "заҳролудшавӣ" тасдиқ нашуд

Дипломат қайд кард, ки Вашингтон ва Брюссел талошҳои худро барои боздоштани рушди Русия дучанд кардаанд, аммо дар айни замон онҳо ҳеҷ далеле дар бораи иттиҳомоти зидди Маскав пешниҳод намекунанд.

Лавров изҳори умедворӣ кард, ки шарикони аврупоӣ барои барқарор кардани муколама ба қадри кофӣ ақли солим ва дурандешӣ дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, моҳи август блогери рус Алексей Навалний дар ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва оҷилан ба беморхона интиқол дода шуд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

98
Барчаспҳо:
Олмон, ИА, Сергей Лавров, Русия
День 28 октября

Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:56 27.10.2020)
Рӯзи 28 октябр рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия буда дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён мебошад. Дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон "Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1" сарфароз гардид

Рӯзи 28 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1707 бар асари заминҷунбӣ дар Япония 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1886 дар Ню-Йорк маросими расмии ифтитоҳи ҳайкали Озодӣ баргузор гардид.

 

 

© Sputnik / Алексей Филиппов
Города мира. Нью-Йорк

 

Соли 1914 ширкати "Kodak" аз оғози кор барои ташкили технологияи суратҳои ранга эълон намуд.

 

 

Kodak Brownie Camera. Архивное фото
Kodak Brownie Camera. Архивное фото

Соли 1997 дар назди Президенти Федератсияи Русия Комиссия оид ба мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ дар Русия таъсис дода шуд.

 

Соли 1998 хизматрасонии ҷустуҷӯйии iSearch ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2011 Комроншоҳи Устопириён  дар ҷумҳурии Латвия чемпиони ҷаҳон оид ба самбо ва соҳиби медали тилло гардид.

Рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидӣ масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Соли 2011 пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олӣ баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсиашон дар ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошӯравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон "Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1" сарфароз гардонида шуд.

 

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе семинари тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистону Полша баргузор шуд.

 

Соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри  Кӯлоб сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи 5- ситорадор оғоз гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия.
  • Дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён.
0