Путин ва Эрдуғон аз якпорчагии қаламравҳои Ироқу Сурия ҳимоят карданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкВстреча президента РФ В. Путина с президентом Турции Р. Эрдоганом
Встреча президента РФ В. Путина с президентом Турции Р. Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар музокироти дишаби раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Анкара бар яксонии мавзеъгирии ду кишвар дар масоили калидии Ховари Миёна таъкид шуд

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раҳбарони Русия ва Туркия дар нишасти расонаие, ки дар поёни ин дидор баргузор шуд, аз якпорчагии қаламравҳои Ироқу Сурия дифоъ карданд.

Визит президента РФ В. Путина в Турцию - Sputnik Тоҷикистон
Дидори Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Анқара

Путин ва Эрдуғон ҳамчунин омодагии ду кишварро барои идомаи ҳамкорӣ дар заминаи эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия эълом карданд.

Сарони ду кишвар дар ин дидор ҳамчунин ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Ин панҷумин дидори Путин ва Эрдуғон дар соли ҷорӣ буд. Пеш аз ин раисҷумҳури Туркия дар моҳҳои март ва май ба Русия сафар карда буд ва ду дидори дигар дар Пекин ва Ҳамбург баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0