Шавкат Мирзиёев и Ашраф Гани

Раисҷумҳури Афғонистон аз Узбакистон боздид мекунад

51
(Таҷдидшуда 19:26 30.09.2017)
Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар сафари расмӣ аз Узбакистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Комилов гуфт, ки раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба зудӣ аз Тошканд расман дидан хоҳад кард.

"Мо барои баргузории ин сафар омода мешавем. Торихи дақиқи ин сафари расмӣ то кунун муайян нашуда, аммо дар ояндаи наздик ин сафар анҷом дода хоҳад шуд", — гуфт вай дар нишасти расонаӣ имрӯз дар Тошканд.

Ба гуфтаи вай, дар барномаи ин сафари расмӣ масоили равобити иқтисодӣ ва мушорикати эҳтимолии Узбакистон дар бархе аз тарҳҳои муштарак, аз ҷумла дар бахши иртибототи ҳамлу нақлӣ хоҳад буд.

"Мо бо Афғонистон ҳаммарз ҳастем ва афзун бар ин, чанд милюн узбак дар он кишвар зиндагӣ дорад. Мо бо Афғонистон пайвандҳои жарфи торихӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ дорем ва бояд фаъолона пайвандҳои дӯстонаи худро бо ин кишвар тавсеъа диҳем. Аз ин рӯ, алорағми танишҳои идомадор дар Афғонистон, мо ҳамчунон ба тавсеъаи пайвандҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва башардӯстонаи худ бо Афғонистон идома медиҳем", — таъкид кард раҳбари ВУХ Узбакистон.

Вай ёдоварӣ кард, ки Узбакистон хоҳони роҳи ҳалли сиёсӣ барои масъалаи Афғонистон аст ва хостори беҳбуди пайвандҳои сиёии Тошканд бо Кобул аст.

"Афғонистон набояд кишваре бошад, ки ҷудо аз минтақа бимонад, балки мушкили ин кишвар ҳалл шавад ва бахше аз раванди сулҳу суботу рифоҳ дар ҷаҳон шавад", — гуфт Комилов.

51
Барчаспҳо:
равобити Узбакистону Афғонистон, сафари расмӣ, Абдулазиз Комилов, Ашраф Ғанӣ, Афғонистон-Узбакистон
Мавзуъ
Муташанниҷ: сафири Русия дар бораи авзоъи марзи Тоҷикистону Афғонистон
Тоҷикистону Афғонистон роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд
Мулоқоти Мирзиёев бо кишвардорони Афғонистон ва Эрон