Ҷузвдон. Акс аз бойгонӣ

Владимир Путин раҳбари нави Доғистонро таъин кард

246
(Таҷдидшуда 17:18 04.10.2017)
Раҳбари пешини Доғистон Рамазон Абдулатипов аз симаташ истеъфо дод. Владимир Путин раҳбари нави Доғистонро таъин кард

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Владимир Василев муваққатан раҳбари Доғистон таъин шуд. Ӯ ҳамчунин раҳбари ҳизби ҳукмрон "Русияи Воҳид" мебошад. Дар ин бора равобити умумии Кремл хабар медиҳад.

"Исфеъфои раҳбари Доғистон Рамазон Абдулатипов бо хоҳиши шахсӣ қабул карда шавад. Василев Владимир то замони интихоби раҳбари кишвар, раҳбари мувақққатии Ҷумҳурии Доғистон таъин шавад", — омадааст дар қарори раисҷумҳури Русия.

Владимир Путин Василевро сиёсатмадоре ботаҷриба номид, ки айни замон ба Ҷумҳурии Доғистон лозим аст. Раисҷумҳури Русия изҳори умедворӣ карда, ки дар ин симат сиёсатмадор метавонад хусусиятҳои беҳтарини худро ба кор барад.

Пештар раҳбари пешнии Доғистон Рамазон Абдулатипов аз симаташ истеъфо дод.

Ёдоварӣ мекунем, Рамазон Абдулатипов дар муддати чаҳор сол сафири Русия дар Тоҷикистон буд. Моҳи майи соли равон раҳбари Доғистон Рамазон Абдулатипов ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Дар ин сафар ӯ бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва мулоқот карда ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳоро баррасӣ ва ба рушди ояндаи онҳо изҳори омодагӣ карда буд.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин сафар Абдулатипов китобашро таҳти унвони "Халқи тоҷики ман" рӯнамоӣ карда буд.

"Ман ҳамеша ба тоҷикон муносибати бародарона доштам ва тоҷикон ҳам бо меҳр ба ман ҷавоб медоданд", — гуфта буд Абдулатипов.

246
Барчаспҳо:
симати нав, таъинот, раҳбарӣ, Владимир Василев, Рамазон Абдулатипов, Владимир Путин, Доғистон, Русия
Мавзуъ
Раҳбари Доғистон Рамазон Абдулатипов ба вилояти Суғд омад
Дидори Раҳмон бо Абдулатипов: доғистониҳо тоҷиконро забонӣ русӣ ёд медиҳанд