Олмон намояндаи навашро ба Тоҷикистон фиристод

© Фото : МИД РТМинистр иностранных дел РТ Сироджидин Аслов принял Чрезвычайного и Полномочного Посла Федеративной Республики Германия
Министр иностранных дел РТ Сироджидин Аслов принял Чрезвычайного и Полномочного Посла Федеративной Республики Германия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олмон сафири нави худро дар Тоҷикистон таъин кард

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКХ, рӯзи 3 октябр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири навтаъйини Олмонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссингро ба муносибати супоридани нусхаи эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Сироҷидин Аслов ба Найтхарт Хёфер-Виссинг дар фаъолияти минбаъдаи касбиаш муваффақият таманно кард.

Пештар намояндаи Олмон дар Тоҷикистон сафир Ҳолгер Грэн буд.

Лентаи хабарҳо
0