Встреча президента РФ В. Путина с президентом Таджикистана Э. Рахмоном

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидору гуфтугӯ доранд

103
(Таҷдидшуда 09:35 11.10.2017)
Ин дидор пеш аз оғози нишасти Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Шурои олии иқтисодии Уросиё баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочӣ бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ дорад.

Ин дидор пеш аз оғози нишасти Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Шурои олии иқтисодии Уросиё баргузор мешавад.

"Раҳбарони Тоҷикистон ва Русия дар ин дидор масоили муҳими минтақаро баррасӣ хоҳанд кард", — гуфта буд дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков.

Нишасти Шурои сарони кишварҳои ҳамсуд 10 — 12 октябр баргузор мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бомдод барои ширкат дар нишасти Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд ба шаҳри Сочӣ рафт.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ, ёварони раисҷумҳур дар умури равобити хориҷӣ ва масоили кадрӣ ва дигар масъулин ҳамроҳӣ мекунанд.

103
Барчаспҳо:
дидор, Шурои олии иқтисодии Уросиё, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Русия
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидор мекунанд
Путин ва Эрдуғон аз якпорчагии қаламравҳои Ироқу Сурия ҳимоят карданд