Коршиносон нишасти кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро омода карданд

© Фото : Пресс-служба МИД РТНишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
Нишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони аршади вазоратҳои умури хорҷиӣ пешнависи санади поёнии Форуми кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро омода карданд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти коршиносони аршади кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Зам. МИДа РТ Махмадшарифа Хакдода и Статс-секретарь – Зам. МИДа РФ Григорий Карасин - Sputnik Тоҷикистон
Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Русия ройзанӣ баргузор карданд

Ба гузориши дафтари матбуотии ВУХ ҶТ, нишасти коршиносони аршад дар остонаи Иҷлоси дувуми Форуми иқтисоду ҳамкории давлатҳои арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Дар ин нишаст коршиносон пешнависи санади поёнии Форум ва масъалаҳои рушди ҳамкориҳои миёнминтақаиро баррасӣ карданд.

Дувумин Иҷлоси Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 16 октябр дар Душанбе бо иштироки Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисоди кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барпо мешавад.

Лентаи хабарҳо
0