Муборак шавад: Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистонро шодбош гуфт

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент республики Таджикистан, архивное фото
Президент республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита ба интихоб гардидаданатон ба мансаби олии раисҷумҳуи Қирғизистон бо изҳори хушнудӣ ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомкалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи табрикотие раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбековро муборакбод гуфтааст.

Дар робита ба интихоб гардидаданатон ба мансаби олии раисҷумҳуи Қирғизистон бо изҳори хушнудӣ ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам, омадаст дар табрикоти кишвардори Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, 15-уми октябр дар Қирғизистон маъракаи интихоботӣ  раиси ҷумҳури кишвар баргузор гардид, ки дар он собиқ сарвазири Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков бештари овозҳои интихобкунандагонро ба даст овард.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои нави худ изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав мебаророанд.

"Ба Шумо, муҳтарам Сооронбой Шарипович, сиҳатии комил ва дастовардҳои навин ва ба Қирғизистони дӯст сулҳу субот ва пешрафт орзумандам",- омадаст дар анҷоми мактуби раисҷумҳури Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0