Мусозода Эронро муттаҳам ба мазҳабгустарӣ дар Тоҷикистон ва пуштибонии ҲНИТ кард

© Sputnik Флаг Ирана, архивное фото
Флаг Ирана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанд дар мақолае кишвари Эронро дар кӯшишҳои густариши мазҳаби дигар дар Тоҷикистон ва пуштибонии ҳизби дар кишвар мамнуъшудаи ҲНИТ маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанд ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар мақолае, ки дар вебгоҳи Маркази исломии Тоҷикистон мунташир шудааст, Эронро муттаҳам бар хостори густариши мазҳаби шиа дар Тоҷикистон ва пуштибонии ҲНИТ кардааст. Мақола бознашр мешавад.

Вақте ки ба робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар даврони истиқлол назар мекунем, пай бурдан душвор нест,ки зимнан Эрон хостори густариши мазҳаби шиа дар қаламрави Тоҷикистон аст ва бад-ин васила мехоҳад мамалакате,ки аслан тамоман дорои мазҳаби дигар аст, зери тасарруфи худ нигаҳ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ Эрон маҳз бо ҳамин ғараз ба майдони баҳсу талош ворид шуд ва ҳамешагӣ аз онҳое пуштибонӣ мекард,ки онҳо узви ташкилоти экстремистиву террористии (ТЭТ) "ҲНИТ" буданд…

Сайидюнуси Истаравшанӣ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сайидюнус Истаравшанӣ ба ҳамшаҳриҳояш: худамро носазо бигӯед, аммо ба падаронам кордор нашавед

Ҷои баҳс нест, ки дар ташкили ин ҳизб ва густариши он таъсири Эрон намудор аст ва пуштибонии ашхоси алоҳида аз ин ҳизб барои Эрон суннати дерина дорад. Бубинед,ки ҳатто баъди эъломи манъи фаъолияти ТЭТ "ҲНИТ" дар Тоҷикистон Эрон раҳбари ин ҳизбро ҳамчун шахси расмӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ ба ҳузур пазируфт ва мавқеи кишвареро,ки бо Эрон дӯстии беғаразона дорад, сарфи назар намуд. Аслан ин хатогии бузурге буд, ки ҲНИТ, ҳизбе, ки ташкилоти терористӣ эълон шуд, барои Эрон чун дӯст ва ҳамкор пазируфта гардид.Маҳз ҳамин ҳолат чеҳраи аслии ин кишварро барои мардуми тоҷик ошно кард. Бозиҳои мазҳабии Эрон мо мардуми суннимазҳаби тоҷикро водор мекунад,ки амиқтару аниқтар андеша намоем, зеро он ҳаргиз оқибати нек ба бор намеорад ва метавонад вартаи ҳалокати миллатро эҷод намояд. Зеро дар Тоҷикистон 97% аҳли мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд ва он суннати бобогии мост ва рахна дар мазҳаб рахна дар дин ва ақидаи динист. Ҳамкории ин ду кишвар бояд содиқона дар заминаи адабиёт ва фарҳанги муштарак бошад ва манфиатҳои мазҳабӣ бояд сарфи газар гардад. Зеро Тоҷикистон нав аз таъсири манфии ҷараён ва ҳизбҳои ба ном "динӣ" ҳамчун "Ҳизби таҳрир", "Ансоруллоҳ", "Ҷамъияти таблиғ", "Ҳаракати исломии Туркистон", "Ҷундуллоҳ" "Ҷараёни Салафия"халос хӯрда истодааст ва таъсири як мазҳаби дигар ба ҷомеаи ороми Тоҷикистон ба фоидаи фардои миллат нест.

пештар Маркази исломшиносӣ, як ниҳоди вобаста ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон  бо нашри матлабе Эронро барои талоши бесуботӣ дар кишвар муттаҳам кард ва хост, ки Теҳрон дар муносибат бо Душанбе аз бозии, ба қавли онҳо, "сиёсӣ — мазҳабӣ" даст бардорад. Ин марказ бовар дорад, ки талоши Эрон барои исломисозии ҷомеа, таблиғи ақидаҳои шиаи дувоздаҳимома, аз ҷумла баргузории маросими Ошуро ва пӯшиши либоси сиёҳ дар Тоҷикистон, муносибати ду кишварро ба бунбаст бурд.

Лентаи хабарҳо
0