Раисҷумҳури Туркия ва раисҷумҳури Узбакистон

Эрдуғон барои Мирзиёев шеъри узбакӣ хонд

102
Анқара тарафдори он аст, ки Узбакистон кишвари қудратманд бошад, гуфт раисҷумҳури Туркия пас аз қироати шеър

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон порчае аз шеъри Абдулло Орипов "Ӯзбекистон"-ро барои Шавкат Мирзиёев қироат кард.

Раисҷумҳури Туркия дар нишасти матбуотие, ки дар он Шавкат Мирзиёев низ ширкат мекард, сафари давлатии Мирзиёвро ба Туркия рӯйдоди таърихӣ номид ва изҳори умедворӣ кард, ки муносибатҳои ду кишвар мустаҳкамтар мешавад.

"Мо ҳамчун кишвари дӯст ва бародар ҷонибдори он ҳастем, ки Узбакистон кишвари қудратманд бошад",- гуфт раисҷумҳури Туркия ва пас аз он порчае аз эҷодиёти шоири машҳури узбак Абдулло Орипов  "Ӯзбекистон"-ро қироат кард.

Юртим, сенга шеър битдим бу кун,

Қиёсингни топмадим асло.

Шоирлар бор, ўз юртин бутун —

Олам аро атаган танҳо.

"Сафари раисҷумҳури Узбакистон,  ки бори аввал паз аз 20 сол амалӣ шуд, аҳамияти калон дорад. Ҳоло гардиши коло байни кишварҳоямон наздики 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ин кам аст ва мо мақсад дорем онро афзоиш бахшем. Мо тоҷирони худро дастгирӣ хоҳем кард, Узбакистон бошад сармоягузоронро пуштибонӣ мекунад. Ҳамчун кишваре, ки дар соҳаи сохтмон дар ҷоҳон дуввумин аст, мо мехоҳем таҷрибаамонро бо Узбекистон дар миён гузорем",- афзуд Эрдуғон.

102
Барчаспҳо:
сафари давлатӣ, Раҷаб Таиб Эрдуғон, Туркия, Узбекистон