Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон: ҶТ омода аст ҳамкориро бо ҳама кишварҳои ОМ густариш диҳад

89
(Таҷдидшуда 13:56 27.10.2017)
Имрӯз дар шаҳри Душанбе 16-умин Ҳамоиши вазоратии Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаии Осиёи Марказӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ин ҳамоиш, ки дар толори Зарандуди Кохи Наврӯз баргузор мешавад, бо суханронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Дар ин ҳамоиш раҳбарони бунёдҳову созмонҳои шарики рушд, ниҳодҳои бонуфузи молӣ, аз ҷумла Бонки тавсеъаи Осиёӣ, Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеъа, Бунёди байналмилалии арз, Бонки тавсеъаи исломӣ, Барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё, Кумисюни Урупо, Бонки тавсеъаи уросиёӣ, Кумисюни иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором, Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, Бунгоҳи тавсеъаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва коршиносон аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Узбакистон, Амрико, Ҷопон, Бритониё ширкат карданд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш нақши Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаии Осиёи Марказиро муҳим арзёбӣ кард ва хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чорчӯби ин Барнома шуд.

Вай ҳамчунин чанд пешниҳодро бо ширкаткунандагон дар миён гузошт, ки ба андешаи ӯ, на танҳо ба суди Тоҷикистон, балки барои минтақа ва кишварҳои ширкаткунанда дар Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаии Осиёи Марказӣ муҳим ҳастанд.

Раисҷумҳур ҳамчунин эълом кард, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи кишварҳо ва шариконаш дар ин Барнома густариш диҳад.

Раиси Бонки тавсеъаи Осиёӣ Такехико Накао низ дар ин ҳамоиш такъид кард, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БТО, ки аз соли 1998 оғоз гардида, имрӯз дар сатҳи хуби ҳамкории роҳбурдӣ қарор дорад ва бахшҳои бартаридор, аз ҷумла соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энержӣ, таробарӣ, гумрук, обёрӣ, сармоягузории бахши хусусӣ ва дигар самтҳои ояндадорро дар бар мегирад.

89
Барчаспҳо:
Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаии Осиёи Марказӣ, 16-умин Ҳамоиши вазирони Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаии Осиёи Марказӣ, Такехико Накао, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Осиёи Марказӣ
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Бонки тавсеъаи Осиёӣ мулоқот кард
Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон дар вазорат ва ниҳодҳо масъулинро ҷо ба ҷо кард
Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Арманистон барқияи табрикӣ ирсол кард
Тегеран, архивное фото

Эҳзори кордори сафорати Фаронса ба Вазорати умури хорҷии Эрон

74
(Таҷдидшуда 18:05 27.10.2020)
Дар эътироз ба исрори мақомоти фаронсавӣ ба ҳимоят аз интишори карикатураҳои иҳонатомез ба соҳати паёмбари Ислом кордори муваққати Фаронса дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Флурон Ойдолу, кордори муваққати Сафорати Фаронса дар Теҳрон дар ғиёби сафири ин кишвар ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд то эътирози Эрон ба рафтори ахири мақомоти фаронсавӣ дар ҳимоят аз иҳонаткунандагон ба муқаддасоти исломӣ ба вай расонда шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, муовини мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо кордори муваққати Фаронса иқдомоти ғайри қобили қабули мақомоти фаронсавиро, ки муҷиби ҷариҳадор шудани эҳсосоти миллионҳо мусулмон дар Аврупо ва ҷаҳон шудааст маҳкум ва таъкид кард: Ҳаргуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари ислом (с) ва арзишҳои ноби исломӣ аз сӯи ҳар фарду дар ҳар мақоме ба шиддат маҳкум ва мардуд аст.

“Вокуниши нобихирадонаи мақомоти фаронсавӣ ба иқдоми ифротгароёнае, ки ба номи ислом хушунат мекунанд, танҳо заминаро барои рушди гароишҳои инҳирофӣ ва беиртибот бо ин дини илоҳӣ, ки ҳамвора навидбахши ақлгароӣ, сулҳу адолатталабӣ аст, фароҳам мекунад”, - изҳор доштаст дипломати Эрон.

Манбаъ афзуд, мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон афзудааст, доман задан ба исломҳаросӣ ва нафратпароканӣ он ҳам ба номи озодии баён, ки бояд дар хизмати тафоҳум, ҳамдилӣ ва ҳамзистии мусолиматомез миёни ҷомеъаҳои башарӣ бошад, амиқан мояи таассуф аст.

Флурон Ойдолу- кордори муваққати Сафорати Фаронса дар Теҳрон низ гуфт: Эътирози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдомоти давлати Фаронса дар ин хусусро дар асраъи вақт ба мақомоти кишвараш инъикос медиҳад.

Нашрияи фаронсавии Чарлӣ‌ Эбдо ба тозагӣ бори дигар иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи паёмбари ислом (с) кардааст.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ эълом кардаст, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳо идома хоҳад дод.

74
Барчаспҳо:
дин, Фаронса, Эрон, Эрон

Лавров оид ба таҳримоти ИА дар робита ба Навалний алайҳи Русия: беҷавоб нахоҳад монд

53
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, таҳримҳое, ки Олмон ва Фаронса дар робита ао ҳодисаи Алексей Навалний оғоз кардаанд, нишон медиҳанд, ки Ииттиҳоди Аврупо ба қадри кофӣ баҳо дода наметавонад.

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. 15 октябр Брюссел алайҳи шаш русиягӣ ва як пажӯҳишгоҳи илмӣ маҳдудият ҷорӣ кард ва Маскав ваъдаи вокуниши баръаксро кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Лавров "радди мағрурона" -и Берлинро аз посух додан ба дархостҳои сершумори Додситонии кулли Русия дар бораи Навалний ёдовар шуд.

Ба гуфтаи дипломат, ин ӯҳдадориҳои Олмонро дар назди Конвенсияи Аврупо оид ба кӯмаки мутақобила дар масъалаҳои ҷиноӣ вайрон мекунад.

“Ба ҷои эҳтиром ба ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ, намояндагони Олмон ва Фаронса як ташаббуси дигари таҳримҳои ғайриқонунии ИА алайҳи шаҳрвандони Русияро оғоз карданд.  Ҳамаи ин таассуфовар аст ва ба таври равшан нишон медиҳад, ки <...> талоши (Брюссел. – аз идора.) худро берун аз қонун гузоштан аст-”, - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи Хорватии “Вечерный Лист”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои зиддируссии ҳамкасбони ғарбӣ, ки дипломатияро фаромӯш кардаанд ва ба сатҳи дағалии ғайриоддӣ расидаанд, дар Маскав беҷавоб нахоҳанд монд.

Александр Сабаев: ташхиси Навалний дар бораи "заҳролудшавӣ" тасдиқ нашуд

Дипломат қайд кард, ки Вашингтон ва Брюссел талошҳои худро барои боздоштани рушди Русия дучанд кардаанд, аммо дар айни замон онҳо ҳеҷ далеле дар бораи иттиҳомоти зидди Маскав пешниҳод намекунанд.

Лавров изҳори умедворӣ кард, ки шарикони аврупоӣ барои барқарор кардани муколама ба қадри кофӣ ақли солим ва дурандешӣ дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, моҳи август блогери рус Алексей Навалний дар ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва оҷилан ба беморхона интиқол дода шуд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

53
Барчаспҳо:
Олмон, ИА, Сергей Лавров, Русия
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?

0
(Таҷдидшуда 19:54 27.10.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон имрӯз лоиҳаи қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023-ро баррасӣ кард, ки тибқи он буҷаи соли оянда аз имсола 1,6 миллиард зиёдтар мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Даромад аз ҳисоби чӣ?

“Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур тавзеҳ дод, ки таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890 миллион сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки он 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Барои кадом соҳа чанд сомонӣ?

“Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст”.

Дар ҷаласаи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории КОВИД-19, дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию карзиро зарур шумурдааст.

Ӯ назди масъулин барои иҷрои саривақт ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, барои зиёд намудани даромади буҷет пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бакияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ вазифаҳо гузоштааст.

0
Барчаспҳо:
давлатӣ, буҷа, даромад, Тоҷикистон