Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон боздид мекунад

© Фото : Официальная страница главы РТ в FacebookПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пажӯҳишгоҳи масоили роҳбурдӣ ва миёнминтақаии раёсатҷумҳурии Узбакистон сафари расмии раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро омода мекунад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ин хабарро имрӯз мудири ин Пажӯҳишгоҳ Владимир Норов дар сафҳаи расмии ин ниҳод дар Facebook мунташир кард.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев: омодаем равобит бо Тоҷикистонро дар ҳама заминаҳо густариш диҳем

"Як сол боз ниҳодҳои дипломатии Узбакистон ба раҳбарии раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев фаъолона ва пайгирона сиёсати беҳбуду беҳинасозии равобити ҳасана бо ҳамсояҳоро амалӣ мекунанд. Ин сиёсат на танҳо дар устуворсозӣ ва густариши равобити миёнкишварӣ дар сутуҳи гуногун, балки дар гомҳои устувори Тошканд дар ҷустуҷӯву пайгирии роҳҳои хирадпазиру оштиҷӯёна барои ҳалли ихтилофоти тулонимуддат бо ҳамсояҳо ҳувайдо аст", — навиштааст Владимир Норов дар мақолае, ки дар он сафҳа мунташир шудааст.

Вай дидорҳои расмӣ, нимарасмӣ ва кории раҳбари Узбакистон бо сарони кишварҳои ҳамсояро гувоҳ бар ин сиёсат медонад.

"Раисҷумҳур Мирзиёев дар чанд моҳи гузашта аз Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон боздид кард. Ҳамакнун сафараш ба Тоҷикистон омода мешавад", — таъкид кардааст мудири Пажӯҳишгоҳи масоили роҳбурдӣ ва миёнминтақаии раёсатҷумҳурии Узбакистон.

Вай бар ин бовар аст, ки Узбакистон ин сиёсатро ба суди ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш гирифта, зеро боварманд аст, ки танҳо бо ҳамкорӣ ва кӯшишҳои ҳамдастона ва дар шумор овардани манофеъи ҳама кишварҳо метавон шароити мусоид барои рушду тавсеъаи пойдори иқтисодӣ, ҳалли ихтилофоти минтақаӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ фароҳам овард.

"Раисҷумҳур Мирзиёев ин роҳу равиши сиёсати Узбакистонро дар 72-юмин Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид таъйид карда буд. Вай дар суханрониаш ёдоварӣ карда буд, ки моҳи ноябри имсол бо сарпарастии СММ дар Самарқанд ҳамоиши байналмилалии "Осиёи Марказӣ: гузаштаи муштарак ва ояндаи муштарак, ҳамкорӣ барои рушди пойдор ва шукуфоӣ" баргузор хоҳад шуд. Қарор аст дар ин ҳамоиш масоили решаии минтақа баҳсу баррасӣ карда шаванд. Раҳбари Узбакистон ҳам бар зарурати баргузории ройзаниҳои сарони кишварҳои минтақа таъкид карда буд", — гуфтааст Норов дар ин мақола.

Лентаи хабарҳо
0