Президент РТ Эмомали Рахмон вместе с президентом Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедовым

Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Туркманистон

53
(Таҷдидшуда 15:27 02.11.2017)
Бо даъвати раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 2 - 3 ноябри соли 2017 сафари расмии раиси Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раиси ҶТ, сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар фазои дӯстона ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Матни Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар зер гуфтовард мешавад:

"Сарони давлатҳо аз сатҳи устувору мусбии ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва дигар самтҳои робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Изҳор гардид, ки дӯстӣ, баробарӣ ва эҳтироми якдигар принсипҳои асосии рушди ин муносибатҳо маҳсуб меёбанд. Роҳбарони ду кишвар майлу рағбати худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои шарикии дуҷонибаи ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду давлат, баён доштанд.

Президентҳо зарурати боз ҳам наздиксозии ҳамкориҳои муштаракро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки ҷонибҳо аъзои он мебошанд, қайд намуданд. Тарафҳо аҳамияти Созмони Милали Муттаҳид ва институтҳои онро ҳамчун воситаи ҳамаҷонибаи кулл дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон таъйид намуданд.

Роҷеъ ба масъалаҳои иқтисодӣ, президентҳо зарурати фаъолсозии робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии байни ду кишварро эътироф намуда, тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати минбаъд муайян ва амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки онҳо мусоидат хоҳанд кард.

Бо мақсади ба сатҳи нави рушд баровардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, сарони Тоҷикистон ва Туркманистон зарурати афзун додани самаранокии назоратро ҷиҳати дар ҳаҷми пурра иҷро гардидани қарорҳои дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ қабулгардида қайд намуданд.

Сарони давлатҳо аз мавҷуд будани шароитҳои мусоид барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, тиҷорат ва кишоварзӣ ёдовар шуданд. Дар робита ба ин, Тарафҳо зарурати таҳкими талошҳоро ҷиҳати ҳавасмандгардонии муносибатҳои соҳибкорӣ, шиносоии намоиши тарафайн бо маҳсулоти истеҳсоли ду кишвар, омӯзиши имкониятҳои содиротӣ-воридотӣ ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкориҳои иқтисодиро қайд намуданд.

Роҳбарони давлатҳо тасдиқ карданд, ки таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои рушди савдои байналмилалӣ миёни кишварҳо ва минтақаҳо аҳамияти калидӣ дорад. Қайд гардид, ки иштироки мутақобила дар лоиҳаҳои мухталиф оид ба ташаккули долонҳои нақлиётии байналмилалӣ барои таҳким ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва оғози боркашонии транзитӣ тавассути роҳҳои нақлиётии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Тарафҳо аҳамияти амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон»-ро, ки яке аз лоиҳаҳои бузургтарини нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад, таъкид намуданд.

Президентҳо ба муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обию барқӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Сарони давлатҳо изҳор доштанд, ки муколамаи фарҳангӣ ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Туркманистон ба таври назаррас мусоидат карда, ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои ду кишвар тақвият мебахшад. Дар робита ба ин, Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамаи имкониятҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илму фарҳанг равона мекунанд.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи дӯстии анъанавии байни халқҳои ду кишвар Президентҳо нияту мароми худро барои идома додани баргузории Рӯзҳои фарҳанг, инчунин пайваста мубодилаи ҳайатҳои намояндагони фарҳанг ва санъатро баён доштанд.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки истиқрори ҳарчӣ тезтари вазъи сиёсӣ ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва субот дар минтақа хеле муҳим мебошад. Онҳо аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро, ки ба рушди устувори ин кишвар мусоидат мекунанд, қайд намуданд.

Сарони давлатҳо густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бо чунин таҳдидҳои фаромиллӣ, ба монанди терроризм, ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шумориданд.

Президентҳо аз сифати баланд ва мӯҳтавои заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон қаноатмандӣ зоҳир намуда, идомаи фаъолиятро ҷиҳати густариши минбаъда ва такмили он зарур донистанд.

Ҷонибҳо дар рафти ташрифоти мазкур аҳамияти ба имзо расонидани теъдоди ҳуҷҷатҳоро ҷиҳати тавсеаи самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин рушди ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон таъкид карданд.

Ҳуҷҷатҳои ба имзо расида заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистонро, ки поягузори боэътимоди густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои минбаъдаи ду давлат ва истифодаи босамари иқтидори онҳо ба манфиатҳои мардуми ду кишвар мебошад, таҳким хоҳанд бахшид.

Сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки сафари ба вуқӯъомада ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи дар анъанаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди ду халқи бародар асос ёфта, ба он такони иловагӣ хоҳад бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз натиҷаҳои мулоқот, ки дар фазои барои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон анъанавии боэътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи фаъоли сиёсиро дар сатҳи олӣ, инчунин мулоқотҳои мунтазами дуҷонибаро ҷиҳати муҳокимаи ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи он, идома хоҳанд дод.

Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба тамоми мардуми тоҷик барои меҳмоннавозии ҳайати Туркманистон, истиқбол ва пазироии гарму дӯстона, миннатдорӣ изҳор намуда, аз Президенти Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Даъвати мазкур бо арзи сипос қабул гардид. Муҳлати ташрифот бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН Раиси Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов"

53
Барчаспҳо:
изҳороти муштарак, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Туркманистон
Мавзуъ
Тоҷикистон ва Туркманистон 13 санадаи ҳамкорӣ имзо карданд
Роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуданд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото

Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад

487
(Таҷдидшуда 19:35 13.08.2020)
Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии худро даъват кардааст, то номзади худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кунад

Душанбе, 13 август - Sputnik. Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин анҷуман қарор аст соати 09:00 – и рӯзи шанбе, 15 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шавад.

"Мо ҳудуди 130 намояндаи худро аз шуъбаҳои Ҳизби аграрӣ дар саросари кишвар даъват кардаем. Ду масъала дар рӯзномаи маҷлис аст. Яке, ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ ва дигаре, пешниҳоди номзад", - гуфт Рустам Латипов.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 таъсис ёфта, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ ширкат кардааст.

Дар интихоботи президентии соли 2006 номзади ҳизб раиси он Амир Қароқулов буд, ки бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, 5,2 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд.

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

Дар интихоботи президентии соли 2013 Ҳизби аграрӣ номзадии Толиббек Бухориев, муовини раиси ҳизбро пешниҳод кард, ки 4,61 дарсад раъй гирифт.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад. То ба ҳол ҳеҷ як аз номзадҳо маълум нестанд.

487
Барчаспҳо:
ҳизб, чор ҳизб, Тоҷикистон, интихобот
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ интизориҳояшро аз интихоботи президентӣ эълон кард

6676
(Таҷдидшуда 15:09 12.08.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интизороташро аз интихоботи президентии 11 октябр баён дошт

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки интихобот бояд шаффофу демократӣ бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шавад.

Ӯ изҳори умед кард, ки интихоботи раисиҷумҳур омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.

"Сахт андӯҳгин шудем": ҳамдардии Вазорати фарҳанг бо хонаводаи Баҳром Ғафурӣ

“Ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида шуда, он ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Маҷлиси миллӣ.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки “ин интихобот бояд сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро нишон дода, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд”.

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

Ӯ дар ҷаласаи ахири муштараки ду палатаи парлумон борҳо аз вакилон суол кард, ки оё дар бораи интихобот пешниҳодҳое доранд, аммо посухе нагирифт.

Дар охир Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш кард, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.

6676
Барчаспҳо:
интихобот, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон

Довари бозии "Куктош" ва "Хатлон" муҷозот карда шуд

0
(Таҷдидшуда 18:22 15.08.2020)
Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътирози дастаи "Хатлон"- ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бо қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари асосии бозии даври 11-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои "Куктош" ва "Хатлон" (2:1) Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварӣ дар ду даври бозиҳои Лигаи олӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои сомонаи "Варзиш", Кумитаи доварони ФФТ эътирози дастаи "Хатлон"-ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд.

Пас аз таҳлили наворҳои бозӣ Кумитаи доварон ба хулосае омад, ки Беҳрӯз Муртазоев ҷониби дарвозаи "Хатлон" пеналтиро дуруст таъин кардааст.

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

Аммо дар ҳолати дигар Муртазоев иштибоҳан корти сурх ба дарвозабони "Куктош" Қурбоналӣ Бобоев нишон надод, ки номбурда қасдан бозигари рақибро бо пой зад.

Бинобар ин, Кумитаи доварони ФФТ барои вайрон кардани Кодекси интизомии доварон қарор баровард, ки Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварии ду даври мусобиқаҳои зери васояти Лигаи футболи Тоҷикистон доир мешуда, маҳрум карда шавад.

0
Барчаспҳо:
муҷозот, довар, Тоҷикистон, футбол