Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми адои маносики Ҳаҷ

Эмомалӣ Раҳмон бори чорум чеҳраи асаргузори ҷаҳони Ислом шуд

215
(Таҷдидшуда 16:24 03.11.2017)
Бояд қайд кард, ки феҳрист 500 чеҳраи асаргузори ҷаҳони Ислом ҳамасола аз соли 2009-ум инҷониб мунташир мешавад. Эмомалӣ Раҳмон бори чорум ба ин феҳрист ворид мешавад

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Пажӯҳишгоҳи исломии таҳқиқотҳои стратегии Уммон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба феҳристи 500 чеҳраи асаргузори ҷаҳони Ислом ворид кардааст.

Бояд қайд кард, ки ини феҳрист ҳамасола мунташир мешавад ва раисҷумҳури Тоҷикистон бори 4-ум аст, ки ба он ворид мешавад.

Раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ ба ин раддабандӣ ворид шудааст.

Дар ин раддабандӣ дар ҷойи аввал номи яке аз рӯҳониёни суннии Миср Аҳмад Муҳаммад ал Тайиб омадааст. Номи подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон инб Абдул-Азиз Ассауд ва подшоҳи Урдун Абдуллоҳ II ибн Ҳусайнӣ ҳам дарҷ шудаанд. Дар панҷгонаи аввали ин феҳрист номи Оятулло Сайид Али Хоманаӣ — роҳбари Эрон ва раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ворид шудааст.

The Muslim 500 дар миёни 50 нафари аввал барои чандумин бор имоми исмоилиён шоҳзода Карим ал Ҳусайнӣ Оқохони чаҳорумро номбар номбар мекунад.

215
Барчаспҳо:
чеҳраи бонуфузи ислом, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар

Шарҳи сафир Ағбар дар бораи сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистон ба Тоҷикистон

398
(Таҷдидшуда 15:12 27.02.2021)
Интизор меравад, дар рафти ин сафар чанд мушкилоте ки дар ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон мавҷуд аст, баррасӣ ва ҳал шаванд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сафири ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистонро бо роҳбарии раиси он Мирраҳмон Раҳмонӣ тавзеҳ дод.

Бино бар иттилои ҷаноби Ағбар, интизор меравад ҳамин рӯз ҳайъати 34-нафараи парлумони кишвар вориди Тоҷикистон шаванд.

"Ин ҳайъат аз раиси парлумон ва аъзои комисияҳои мухталифи парлумон иборат аст", - таъкид кард сафир.

Вай афзуд, ки дар ҳошияи ин сафар мулоқотҳои гуногунҷанбаи мақомоти Тоҷикистон бо ин ҳайъат дар назар аст.

"Ман бовар дорам, ки ин мулоқотҳо боиси густариши равобити иқтисодӣ мешавад", -гуфт вай ва таъкид кард, ки дар натиҷа чанд мушкилоте ки садди роҳи ин ҳамкориҳо гаштаанд, ҳал хоҳанд шуд.

Ҳамчунин Муҳаммад Зоҳир Ағбар тавзеҳ дод, ки мушкилоти мазкур дар қонунгузорӣ мавҷуд аст.

"Умедворам, ки дар қавонун як қатор мушкилоте ки мавҷуд аст, ҳал мекунем, то сармоягузориҳои хубе дар Тоҷикистон суръат бигирад", - таъкид кард сафир.

Ба гуфтаи Ағбар, феълан Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи иқтисодиву тиҷорӣ бештар аз 7 тавофуқномаву қарордод имзо кардааст.

Баъди ҳамла: мулоқоти Ятимов бо Амруллоҳ Солеҳ ва Абдулло Абдулло дар Кобул

Вай афзуд, ки феълан сарҳади ҳарду кишвар ҳам барои интиқоли коло ва ба рӯйи тоҷирон боз аст.

398
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Афғонистон, сафир

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

2816
(Таҷдидшуда 20:29 26.02.2021)
Кишвардори Қирғизистон, Содир Ҷабборов ҳангоми сафари худ ба Федератсияи Русия ба Владимир Путин раисҷумҳури он кишвар тӯҳфаи ғайриодӣ тақдим намудаст

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки бо сафари расмӣ ба Русия омада буд, ба Владимир Путин тӯҳфа овард.

Мулоқоти сарони ду кишвар чанд рӯз пеш дар Маскав баргузор шуд. Дар мусоҳиба бо "Российская газета", Ҷабборов баъзе ҷузъиёти дидорашонро ошкор кард.

Ба гуфтаи ӯ, ба Русия дасти холӣ наомада, балки як тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро ҳамчун дастовез овард.

Ҷабборов изҳор дошт, шамшере, ки ба Владимир Путин ҳадя кард, устоҳои беҳтарини Қирғизистон омода намуданд.

Илова бар ин, Ҷабборов ҳамтои русашро ба Қирғизистон хонд.

Яке аз мавзӯъҳои марказии муҳокимаи роҳбарони ду давлат, масъалаҳои мубрами марбут ба пандемияи COVID-19 буд. Гуфта мешавад, Ҷабборов аз президенти Русия хоҳиш кард, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба барномаи эмгузаронии коронавирус дохил кунад.

Ҷабборов мегӯяд шахси иғвогар наметавонад мири Бишкек шавад

Путин қайд кард, ки Русия кӯмакро ба Қирғизистон дар мубориза бо вируси COVID - 19 идома медиҳад. Дар навбати худ, Ҷабборов ба самаранокии ваксинаи "Спутник V" таъкид карда, изҳори умедворӣ кард, ки ин дору ба зудӣ барои эмгузаронии оммавӣ ба Қирғизистон хоҳад расид.

Ба таъкиди Ҷаборов, пандемияи коронавирусӣ нагузошт, ки Русия ва Қирғизистон 200 чорабинии муштаракро амалӣ кунанд.

2816
Барчаспҳо:
Владимир Путин, тӯҳфа, Содир Ҷабборов
Портфель с документами, архивное фото

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Музаффар Азизов роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия шуд

0
Бо қарори Тоҳир Азиззода, Музаффар Азизов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ таъйин гардид

 ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Азизов ба унвони роҳбари дастгоҳ, рӯзи гузашта дар як маросими ҳукуматӣ муаррифӣ шуд.

“Қарори раиси ноҳия дар бораи таъйини роҳбари дастгоҳи нав қабул шуд. Ба ҷойи Рустам Рустамзода, Музаффар Азизов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия таъин гардид”, гуфт манбаъ аз ҳукумати Мастчоҳ.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ Азизов ба ҷойи Рустамзода раиси дастгоҳи раиси ноҳия ва дар навбати худ Рустамзода ба ҷойи Азизов, раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи таъйин гардидааст.

Дар поёни соли 2019 баъди он, ки Муҳаммад Идизода ба гумони содир намудани ҷинояти порагирӣ аз сӯи кормандони Ожонси зидди фасод дар Хуҷанд дастгир ва дар пайи ин ҳолат аз мақом барканор шуд ва ба ҷойи ӯ, Рустамзода роҳбари дасгоҳи ҳукумати Мастчоҳ таъйин гардид. Он замон Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ буд.

Азизов Музаффар Тугиянович 6 октябри соли 1971 дар шаҳркаи Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- ноҳия ба Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода дохил шуда, онро соли 1993 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳия оғоз намудааст.

Азизов то соли 1994 то 2011 дар як қатор вазифаҳо аз ҷумла масъули комиссияи кор бо ноболиғон, раиси созмони ҷавонон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстон кор кардааст.

Таъйиноти кадрӣ: Абдуллозода, роҳбари КАТС - и ноҳияи Аштро таъйин кард

Ӯ аз соли 2011 то соли 2016 менеҷери филиали ҶСП ТАҚХ “Имон-интернешнл” дар ноҳия ва солҳои 2016-2017 мудири бахши иқтисод ва савдо дар ҳукумати ноҳия, аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи апрели 2019 иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ва аз 11 апрели соли 2019 то 23 феврали соли 2021 ҳамчун раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстон фаъолият намудааст.

23 феврали соли ҷорӣ бо қарори Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, раиси дастгоҳ таъйин шудааст. Музаффар Азизов, соли 2016, Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси иқтисодӣ хатм карда, соҳиби ду пипломи таҳсилоти олӣ аст.

0